Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ошиқи ғечон будем.
Тоқати ҳичрон набуд, Як тану як ҷон будем.
Дев рабуд аз кафам Гавҳари якдонаам, Духтари худро намуд Соҳибаи хонаам.
Шавҳари маҳбуби ман Ҷои мани гулнигор, Ҳеҷ накарда хаёл, Дев гирифт бар канор.
То шиканад ташнагиаш Чашма ба роҳаш шудам,

Ман печидам аз ағам, Дод ба оташ маро Реш намуда дилам.
Сӯхт саропои ман, Донаи гавҳар шудам, Кампири ҳамсояро Мӯнису ёрвар шудам.
Ёр наёрад ба ёд Хӯи ману бӯи ман, Ман ба умеде, ки кай Бигзарад аз кӯи ман.
Қиссаи ман ҳазин аст, Дарди дилам ҳамин аст.

Подшоҳбача ин қиссаи ҳазинро гӯш карда, донист, ки ба сари занаш чӣ ҳодиса омада будааст. Дилаш тапиду хашмаш боло гирифта, ба Айша гуфт:

  • Зан, тайёриатро бин, пеши модарат меравем.
    Айша хесту фатиру кулча, тӯшаю талқон пухтанӣ шуда, танӯрро тафсонд. Подшоҳбача ба пеши танӯр рафта, дид, ки танӯр нағзакак тафсидагӣ, занашро чеғ зад. Вақте ки занаш ба пеши танӯр омад, подшоҳбача вайро ба танӯр партофт.
    Айша сӯхта, кабоб шуд, ҳамин гӯшташ аз танӯр гашта гирифта, ба дастархон баста, ба хонаи модараш фиристоду таъин кард:
    «Пагоҳ духтаратон бо шавҳару писараш меҳмонӣ меоянд».
    Модари Айша хурсанд шуда, хеста тайёрӣ дид, хамир кард, рӯбучин кард, баъд ба танӯр нон часпонд. Ҳамин вақт як духтараш омада гуфт:
  • Оча, оча, шикамам гурусна!
  • Ҳоло нон напухтааст, рав аз рӯймоли Айша нон гирифта хӯр! - гуфт кампир.
пешина
аз 135
навбатӣ