Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

ҲикояАфсона
Аз аввал хондан

карданд. Онҳо чунон бисёр буданд, ки ба ҳар якеашон сохта фақат ягон қисмати асп лозим омад. Пагоҳӣ асп тайёр шуд. Аспро бо тантана ба пеши подшоҳ бурданд. Подшоҳ ба Сангсабур амр дод, ки аспро имтиҳон кунад.

Аспи чӯбин худи зинда барин ҳаракат мекард. Вай на фақат рӯ-рӯи замин медавид, балки ба ҳаво баромада парида мегашт.

Подшоҳ ниҳоят хурсанд шуда, ба Бобораҳим гуфт:

  • Хайр писарам, акнун рафта толеатро озмой!
    Бобораҳим, бегоҳӣ, вақте ки моҳи тобон дар осмони кабуд намоён шуд, ба асп савор шуда, бо падараш хайрухуш кард.

Сангсабур ба ӯ гуфт:

  • Агар боло париданӣ шавӣ, гӯши рост ва агар поён фаромаданӣ шавӣ, гӯши чапи аспро тоб деҳ!

...Дар масофаи хеле баланд, дар болои абрҳо, ба сӯи моҳтоббаро аспи аҷибе, ёли фахида ва думи дарозашро чавлак дода, парида мерафт. Асп чунон тез мепарид, ки Бобораҳим дар болои кадом мамлакатҳо парвоз кардани худро муайян карда наметавонист.

Вай ҳамин хел шаш шабу рӯз парвоз кард. Охири рӯзи ҳафтум асп каме поён фаромад. Вақте ки офтоб шишта, маҳ баромад, Бобораҳим дар поён як шаҳри калонро дид. Нурҳо монанди гулдаста аз шаҳр боло шуда, ба сӯи осмон мерафтанд.
Шоҳзода фикр кард, ки вақти ба замин фуромадан расидааст ва гӯши чапи аспро тоб дод.

Асп ба як канори шаҳр фуромад. Мардуми шаҳр ҳанӯз нахобида буданд ва гурӯҳ-гурӯҳ дар кӯчаҳои шаҳр сайр мекарданд.

Бобораҳим аз замин ба осмон нигоҳ карда, ҳайрон шуд:
дар осмони тира ду моҳ тобон буд, яке равшантар ва дигараш

пешина
аз 135
навбатӣ