Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
ки шавҳарро худаш интихоб карда мегирад. Дар бораи вай фикру хаёл накун. Илоҷ карда ӯро аз ёдат барор! — гуфт подшоҳ ба писараш.
Вале ҷавонӣ бе орзу намешавад!
Як вақт ба гӯши Бобораҳим расид, ки дар байни мардуми мамлакаташон Сангсабур ном дуредгаре дар қасди сохтани аспи паррандаи чӯбин афтодааст. Вай инро шунида, ба пеши падараш шитофт.
— Падар, шумо ҳокими тавоно, аз дастатон ҳар чӣ меояд. Дуредгарони тамоми мамлакатро ҷамъ кунеду ба онҳо бахшишҳои зиёд ваъда карда, фармон диҳед, ки аспи чӯбини парранда сохта диҳанд. Ман мехоҳам, ки ба назди Робия парида рафта, толеамро санҷида бинам.
Подшоҳ ба писари дӯстдоштааш не гуфта натавонист. Вай фармон дод, ки ҳамаи дуредгарони мамлакаташро ҷамъ карда, амр диҳанд, ки дар байни се рӯз аспи чӯбини паррандае созанд. Ҳар кас, ки фармони ӯро иҷро мекунад, аз хазинаи подшоҳ инъоми зиёде мегирад. Агар баъди се рӯз асп тайёр нашавад, дуредгарон ба ҷазо расонида мешаванд.
Дуредгарон ду шабу ду рӯз дар бораи чӣ хел сохтани аспи парранда фикр карданд. Вале ҳар қадар ки фикр накарданд, ҳеҷ илоҷашро ёфта натавонистанд. Зану фарзандони онҳо рӯю мӯй канда, ба ҳоли хешонашон гиря мекарданд. Мӯҳлати гуфтагии подшоҳ тамом мешуд, рӯзи сеюм наздик меомад, дуредгарон аз зиндагӣ даст мешустанд.
Аввали рӯзи сеюм аз як қишлоқи дурдаст дуредгари ҷавон, паҳлавонписар Сангсабур омада гуфт:
— Ман чӣ хел сохтани ин аспи паррандаро медонам, аммо ин корро танҳо карда наметавонам.
— Мо ба ту ёрӣ медиҳем, — гуфта дуредгарон ба кор сар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё