Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
- Як хоҳиши маро иҷро кун! Мана, ин тиллоро гирифта, ба як ошхонаи наздик раву даҳ-понздаҳ сихкабоб хар. Барои он ки кабоб хунук нашавад, як олавдони лаҳҷадорро ҳам харида биё!
Он мард илтимоси Бобораҳимро иҷро кард. Баъд Бобораҳим ба аспаш савор шуда, олавдонро ҳамроҳи кабобҳояш ба дасти чапаш гирифта, ба дасти росташ гӯши рости аспро тоб дод.
Асп паррандавор ба осмон рафт. Бобораҳим мехост, ки ба канори шаҳр фуромада, кабобро хӯраду баъд аспашро пинҳон карда ба шаҳр пиёда даромада ояд.
Асп паридан ҳамоно, лаҳҷаи фурӯзони олавдон пош хӯрду ёли асп даргирифт.
Бобораҳим тарсида, олавдону кабобро ба замин партофт ва саросемавор гӯши чапи аспро тоб дод. Асп ҳамон замон ба замин фаромад. Оташ аз ёл ба гардани чӯбини асп гузашт ва дар як лаҳза тамоми чӯб оташ гирифта рафт.
Ин ҳодиса чунон тез рӯй дод, ки шахси ба шоҳзода кабоб оварда додагӣ, ҳанӯз онсӯтар нарафта аспи оташгирифтаро дида монд. Вай ба ёрии Бобораҳим шитофт, вале дер монд — асп аллакай тамоман сӯхта хокистар шуда буд.
Бобораҳим инро дида зор-зор гиря кард. Баъд шиносаш ӯро тасалло дода ба шаҳр таклиф намуд. Онҳо ба як ошхона расиданд. Бобораҳим як табақ ошу як чойник чой хоҳиш кард.
Ҳар ду ба хӯрдан машғул шуданд.
Ҳамин вақт як моҳ дар осмон хомӯш шуд. Халқ ба ҷунбишу ҳаяҷон омад. Даме нагузашта, як қисми шаҳр равшан шуда рафт.
- Робия ба шаҳр омад! — гуфт бо овози баланд шиноси шоҳзода. — Нигоҳ кунед, тарафи мо равшан шуда истодааст, маълум мешавад, ки Робия ин ҷо меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё