Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Ногаҳон гирду атроф чунон фурӯзон гашт, ки чашм хира мешуд. Ҳамин лаҳза Бобораҳим Робияи чилгазамӯйро дида монд. Робия ба ҳамон расме, ки вай дар хонаи махфии падараш дида буд, тамоман монандӣ дошт. Аз чеҳраи сафеди ӯ нур меборид, чашмонаш ситоравор дурахшон гардида, кокулҳои бисёри шабгунаш то худи замин расида, чанд борҳо ба сару дасту гарданаш печида аз пасаш чун пӯпаки абрешимӣ овезон буданд. Нигоҳи гарму форами Робия дар чеҳраҳои тамошобинон сайр менамуд, вай гӯё касеро ҷустуҷӯ мекарду вале ёфта натавониста, ба роҳи худ давом мекард.
Бобораҳим ба ҳаяҷон омада, ба сафи пеш зада даромаду харисона ба Робияи нозанин чашм дӯхт. Аммо Робия ба рӯи ӯ як боре ҳам нигоҳ накарда, гузашта рафт.
Ҳанӯз Робия дуруст аз назарҳо ғоиб нашуда, шаҳр ба торикӣ ғарқ шуд.
Бобораҳим ғамгину малул баргашта, дар чойхона дароз кашид, вале хобаш намебурд.
«Магар Робия маро дар байни ин анбӯҳи калони мардум пайхас карда метавонист, — фикр мекард вай, — агар як илоҷ карда, ба қалъаи вай даромада мемондаму ба ӯ якка ба якка гапзанон мекардам, дар он сурат мумкин буд, ки ӯ ба ман муҳаббат бандад, аммо чӣ хел ба пеши ӯ медароям? Охир аспам сӯхта рафт-ку!»
Фақат саҳарӣ хоби ӯ бурд ва тамоми рӯз бедор нашуд.
Акнун Бобораҳим бо Робия дар як шаҳр зиндагӣ менамуд. Вай ҳар шаб Робияро интизор шуда, дар кӯчаҳо мегашт ва кӯшиш мекард, ки илоҷе карда, диққати ӯро ба сӯи худ кашад. Вале Робия ба ин ҷавон аҳамияте намедод ва нигоҳи ӯ ягон бор ҳам дар рӯи Бобораҳим банд намешуд.
Бобораҳим аз ноомади кораш андӯҳгин шуда, шабҳои дароз хобаш намебурд ва баъд аз ин тамоми рӯз хоб намешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё