Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Он гуфтагиҳоят мебудам, духтари нозанинеро мисли ту дар ин ҷои хилват дучор шуда, худро нигоҳ медоштам?!

Меҳрубону ба Аҳрор бовар карда, ҳамроҳаш равон шуд.
Падару модари Аҳрор диданд, ки писарашон як духтари соҳибҷамоли моҳитобонро бо худ овард, аввал хушҳолона пешвоз гирифта, дастархон кушода, рӯи дастархон обу нон гузошта, баъде, ки духтар сер шуда, худро қадре осуда ҳис кард, аз ӯ пурсиданд, ки фарзанди кист, чӣ хел шуда, ба ин тарафҳо омада мондааст?

Меҳрубону саргузаштро як-як гуфта дод. Дили падару модару Аҳрор ба ӯ сӯхт. Гуфтанд, ки ҳарчӣ аз дасташон ояд барояш мекунанд. - Ман рафта падаратро меёбам, - гуфт падари Аҳрор, воқеаро мефаҳмонам, падарат аз карда пушаймон мешаваду ҷазои он қозии нобакорро медиҳад.

Меҳрубону розӣ нашуда гуфт:

  • Аз ин мурод ҳосил намешавад. Падарам ба қозии сахт эътиқод дорад, ғайр аз гапи ӯ ба гапи ягон каси дигар бовар намекунад. Агар ба шумоён малол наояд, ман дар ҳамин хонаи шумо зиндагӣ карда гардам, ҳар чӣ, ки аз дастам ояд мекунам, он тарафаш аз тақдиру пешонаам.

Аҳрору падару модараш ин хоҳиши Меҳрубонуро бо ҷону дил қабул карданд.

Аз рӯзе, ки Меҳрубону ба хонаи Аҳрориён омад, қуввати Аҳрор гӯё дучанд афзуд. Аз пагоҳ то бегоҳ заҳмат мекашид, ҳезум тайёр мекард, алаф медаравид, мол мепоид, ҳатто аз ҷону дил хизмати ҳаққу ҳамсояро адо мекардагӣ шуд.

  • Ин Аҳрор аслан ҷавони хуб буд, мегуфтанд ҳамдеҳагонаш, ҳоло аз пештара ҳам хубтар шудааст, ба ҳама ёрирасон.

Меҳрубону аз рӯзи аввал ҳис кард, ки Аҳрор ба ӯ бо чашмони
меҳр менигарад ва ба хотири ӯ барои рӯзгори оила ва падару
модараш чӣ кӯшишҳое намекунад. Ӯ дар нахуст қадре ҳаросид

пешина
аз 135
навбатӣ