Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Ва ҳавотир шуд, вале боτάдриҷ фаҳмид, ки ин ҷавони покдил ҳеҷ хилофи хоҳиши ӯ коре нахоҳад кард. Хотирҷамъ шуд, «ангур аз ангур ранг мегирад, мегӯянд», ғайрати ӯ ҳам рӯз то рӯз афзун мегардид, пайваста бо дӯхтудӯзу пухтапазу рӯбучин машғул мешуд. «Ёр аҳл шавад, кор саҳл шавад» мегӯянд, чор нафар:
падару модару Аҳрору Меҳрбону аҳл шуда, хонаашонро обод карданду рӯзгорашонро осуда.
Як пагоҳӣ, вақте ки Аҳрор дар тараддуди ба саҳро рафтан буд, Меҳрбону ба ӯ як сабат гули садбарг тақдим кард. Аҳрор сурх шуда, гулро бӯй карду як рӯбоӣ хонд:
Садбарги сафеди саҳариро чӣ кунум?!
Ман бе ту ҳаёту зиндагонира чӣ кунум?!
Мардум зи худо умри дароз металабанд,
Ман умри дарози ғамқатира чӣ кунум?!
Меҳрбону хандида ба хона даромада рафт. Ин воқеа дар пеши падару модари Аҳрор рух дод.
- Вақташ расид, - гуфт падари Аҳрор.
- Ҳа, вақташ расид, - гуфт модари ӯ.
Бобою кампир байни худ маслиҳат карданду ҷавононро пеши худ шинонда, муддаои дилашонро гуфтанд.
- Ман солҳои дароз дар тамоми олам гашта, барои худ зан ёбам, мисли Меҳрбону духтаре пайдо карда наметавонам, - гуфт Аҳрор.
Меҳрбону ба сукут рафт: «Сукут аломати ризо».
Рӯзи дигар тӯйро пеш гирифтанд. Тӯй шуд, тамошо шуд, хурсанӣ шуд, хушбахт буд Аҳрор, хушбахт Меҳрбону.
Хушбахт буданд падару модар.
Аҳрор ҷӯрае дошт, бо номи Абдулло. Абдулло шаби тӯй Меҳрбонуро дида монду «Воҳ!» гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё