Зеҳн
Фариштамоҳ

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагузашти подшоҳ ва писарони ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он воқеаҳои аҷибе оид ба ҷустуҷӯи ишқи Фариштамоҳ ҳикоят мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 14 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Ҷойҳо ва бисёр халқҳоро мебинӣ, донишат зиёд, ақлат расо мешавад.

— Ин тавр бошад, — гуфт шоҳзода, — аввал иҷозат диҳед, ман сайри олам кунам.

Подшоҳ, ки таги гапро нафаҳмида, “ҷаҳон гаштан хуб аст” гуфта буд, ноилоҷ иҷозат дод. Шоҳзода писари подабонро ҳамроҳаш гирифта, баромада рафт.

Рафтанд-рафтанд, чанд шабу рӯз роҳ тай карда, аз ҳафт ағба гузашта, ба як шаҳри азим расиданду ба як кӯча даромада дари ҳавлиро тақ-тақ карданд. Кампире баромад. Писари подабон ба кампир гуфт:

— Салом очаҷон, мо мусофирем, ҷое надорем, ки як-ду рӯз истиқомат кунем.

— Эй фарзандони азиз, — гуфт кампир, — як хонача дорам, сарам ғунҷад, поям намеғунҷад, поям ғунҷад, сарам намеғунҷад.

Писари подшоҳ аз камарбандаш як тилло баровард, кампир тиллоро дида хурсанд шуда гуфт:

— Дароед, дароед, як хонаи калону васеъ дорам, чанд вақт хоҳед истодан гиред.

Кампир даррав кӯрпача партофт, дастурхон паҳн кард, нон овард, чой овард, хӯрок пухт. То нисфи шаб чақ-чақ карда нишастанду баъд кампир ҷойгаҳ партофта гуфт:

— Фарзандони азиз, зинҳор, шабона берун набароед, ки оқибаташ бад мешавад!

Дар ҷойгаҳ писари подабон фикр кард, ки “шабона чӣ ҳодиса рӯй медада бошад, ки берун баромадан мумкин набудааст. Як баромада фаҳмидан лозим аст”. Вай бо ҳамин фикр писари подшоҳро бедор карда гуфт:

— Эй бародар, хез! Мо магар хобравӣ омадем, бароем, бинем, ки дар берун чӣ гап аст?

Ҳар ду хестанду баромада диданд, ки нисфи шаҳр тип-торику нисфи дигараш мисли рӯз равшан, чунон равшан, ки мӯзадӯзҳо мӯза медӯзанд, дуредгарҳо дуредгарӣ, шонатарошҳо шонатарошӣ мекунанд. Ҳайрон шуда хеле вақт тамошо карданду баъд омада хоб рафтанд.

— Эй очаи меҳрубон, — гуфт ба кампир писари подабон, пагоҳӣ барвақт аз ҷояш хеста, — чӣ сир буд, ки мо имшаб дидем?

пешина
аз 14
навбатӣ