Зеҳн
Фариштамоҳ

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагузашти подшоҳ ва писарони ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он воқеаҳои аҷибе оид ба ҷустуҷӯи ишқи Фариштамоҳ ҳикоят мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 14 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Кампир гуфт:
— Эй фарзандон, магар шабона берун баромадед?
— Оре, баромадем, — гуфтанд шоҳзода ва писари подабон, — барои чӣ як тарафи шаҳр равшан, тарафи дигараш торик буд?
Кампир гуфт:
— Бачагонам, нағз накардед, ки аз ин сир хабардор шудед, донистани он ба саратон савдое меоварад.
— Гӯед, чӣ сир аст? — шоҳзодаю писари подабон пурсиданд кампирро ба ҳоли худ намонда.
— Ин хел ки маҷбур кунед, — гуфт кампир, — илоҷ надорам, мегӯям: ин равшанӣ нури ҷамоли Фариштамоҳ аст. Ба кадом тараф ки вай рӯ гардонда хоб кунад, ҳамон тараф равшан мешавад ва ҳар ҷавонмарде, ки аз ин сир хабардор мешавад, ошиқ мешавад. Бинобар ин ман нахостам, ки шумо мисли дигарон гирифтори ишқи ӯ шуда, азоб кашида, сарсону саргардон шавед.
Писари подабон гуфт:
— Эй очаи меҳрубон, қурбони забони ширинатон гардам, ки номи Фариштамоҳи нозанинро ба забон бурдед. Бародари ман кайҳо гирифтори ишқ ва муштоқи дидори ӯ шудааст. Мо ба сӯроғи ӯ ба ин шаҳр омадем.
Кампир гуфт:
— Ҳамин қадар шоҳзодаю вазирзодагон ба сӯроғи ӯ омада, ба муродашон расида натавонистанду шумо чӣ тавр мерасед?
— Ҳоло намедонем, — ҷавоб дод писари подабон, — вале ё ҷон медиҳем, ё ба муродамон мерасем.
Баъд онҳо аз кампир фаҳмида гирифтанд, ки Фариштамоҳ як шарт доштааст ва касе ба дидори ӯ расида метавонистааст, ки ин шартро иҷро кунад.
Писарони шоҳу подабон ба пеши духтар равон шуданд. Онҳоро пешвоз гирифта, ба даруни як хонаи калон бурданд. Дар он ҷо аз паси парда овозе ба гӯшашон расид:
— Ман як шарти зӯр дорам, ҳамон кас ба муродаш мерасад, ки ин шартро иҷро кунад.
— Шартро гӯй! — гуфт шоҳзода.
— Ман дар рӯи бистар нишастаам, шумо дод нагуфта, даст назада, ҳаракати зиёдатӣ накарда, коре кунед, ки маро то рӯз хоб набарад.

пешина
аз 14
навбатӣ