Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Дигар чизеро намедонам. Як маҳал худро дар госпитал дидам. Сару рӯй, дасту пойҳоям докапеч. Тамоми ҷуссаам сӯхта, дард мекунад, аз ҷой ҷунбида наметавонам.
Аз нақли духтарон фаҳмидам, ки се шабу се рӯз беҳуш хобидаам. Сарам ва дасту пойҳоямро ҷарроҳӣ карда, пораҳои гулӯларо гирифтаанд. Аз гурӯҳи мо се нафар захмдор ва як нафар ҳалок шудаанд. Лекин супориш иҷро гардидааст. Душман несту нобуд ва деҳа озод карда шудааст.
Ана ҳамин тавр ман захми сахт бардошта, се моҳ дар госпитал хобидам. Баъд маро ба беморхонаҳои шаҳрҳои Тошканду Душанбе фиристоданд. Дар ин ҷо ҳам қариб се моҳ муолиҷа карданд. Пурра шифо ёфта хона омадам. Лекин тамоми баданам дард мекард, забонам мегирифт, бурро гап зада наметавонистам, сарам ғуввос мезад. Шукри Худо, ки оҳиста-оҳиста нағз шудам, ба асли пештараам баргаштам.
Директор нақлашро ба охир расонда гуфт:
— Ана, хола, чӣ хеле, ки мебинед, ҳозир ман сиҳат, асп барин, дардеро ҳис намекунам. Барои ҳамин сабру тоқат кардан лозим.
Холаи Салима ба директор изҳори миннатдорӣ намуд.
Мӯйсафеди харсавор ва фолбин
Вақте ки Беҳрӯз кӯча баромада рафт, модару духтар боз аз хусуси саломатии ӯ гап заданд.
— Медонӣ, оча, – гуфт Замира, – Беҳрӯз сахт тарсида будааст, лекин ҳамон рӯз аз мо пинҳон кард. Намедонам барои чӣ рости гапро нагуфт.
— Аз афташ, нахост, ки ман хавотир шавам. Ё сабабаш чизӣ дигар бошад? – пурсид модар.
— Фол нишон диҳем-чӣ? – гуфт Замира.
— Ман ҳам ҳозир ҳаминро фикр мекардам, – маъқул кард модар.
Амаки Абдураҳим аз бозор омада, ба маслиҳати модару духтар ҳамроҳ шуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё