Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
чак-чаки ин қадар камгапу хаппак шудааст. Вай ба Ҳабиба дар бораи чӣ тавр аз тирпаррониҳо тарсида аз ҳуш рафтан, пешпо хӯрда афтидан ва хуншор шудани дасту пойҳо ва сару рӯяшро чунон бо эҳсосот ва батафсил нақл карда буд, ки зуд гузаштани вақтро нафаҳмида монд.
Ба Беҳрӯз ҳолатҳои аҷоибе рӯй медод. Гоҳ ҳушёру зирак ва чусту чолок мешуд, гоҳ сусту гаранг ва карахту хапак. Гапи гуфтааш, кори кардаашро гоҳ медонист, гоҳ намедонист ва зуд фаромӯш мекард. Дирӯз бо аммааш чун одами бегона муомила кард, гӯё ки ӯро бори аввал дида бошад.
— Ин кас кӣ? — ба аммааш ишора карда пурсид модараш.
— Намедонам, — ҷавоб дод Беҳрӯз.
— Чӣ хел намедонӣ? Ин кас аммаат Ҳалима.
— Намешиносам.
Боре директори мактаб Сиддиқов, ки роҳгузар будааст, ба хонаи онҳо даромада, Беҳрӯзро хабар гирифт. Вай бо директор ҳам бепарвоёна муносибат намуд. Модараш холаи Салима аз чунин рафтори писараш дилаш сиёҳ шуда, ғаму ғусса мехӯрд.
— Хола, зиқ нашавед, ғам нахӯред, — модарро тасаллӣ дод директор, — одами нав аз бистари беморӣ хестагӣ ҳамин хел. Лекин оҳиста-оҳиста мисли пештара шуда меравад.
— Аз забонатон гардам, додар, илоҳо гуфти шумо шавад, — андаке рӯҳ гирифта гуфт холаи Салима. — Афташа бинед, дуппа-дуруст, сип-сиҳат, ягон ҷояш дард намекунад, иштихояш хуб, шаб нағз хоб меравад. Лекин ҳардамхаёлу хотирпарешон.
Сиддиқов, ки афсари ҳарбӣ буд ва дар ҷанги Афғонистон иштирок дошт, нақл намуд:
— Ман дар бисёр муҳорибаҳои шадид иштирок намуда, аз майдони ҷанг сиҳат-саломат баромадам. Аммо дар яке аз ин муҳорибаҳо, ки дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон рӯй дода буд, сахт захмин шудам. Ҳангоми ҳуҷум зери борони тирҳои тӯпу автоматҳо мондам, ба паҳлӯям чанд гулӯла афтида таркид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё