Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Нақли мӯйсафеди харсавор ба холаи Салима таассуроти аҷибе бахшид. Гоҳ бовар мекард, гоҳ не. Артист будааст, тӯйгард будааст, пир шуда ногаҳон фолбин шудааст. Хайр, чӣ бадӣ дорад! Ҳунар доштааст, ки тӯйҳоро ободу мардумро хурсанд кардааст. Ин кор аз дасти ҳар кас намеояд-ку. Шароб менӯшидааст! Чӣ, дар ин замона кадом зани артист namenӯшад? Дар пирӣ фолбин шудааст! Ин хости Худост, ин илми мураккаб аст, онро парвардигор ато кардан хоҳад, намепурсад, ки ту кистӣ, артистӣ ё муаллим, пирӣ ё ҷавон!
Бо ҳамин хаёлҳои сарбаста холаи Салима чӣ тавр ба ҳавлии фолбин расидани худро нафаҳмида монд. Дар назди дарвозаи дутабақаи оҳанини сиёҳ саги зарди гӯшу думбуридаи калоне хобида буд. Вақте ки модару духтар ба дарвоза наздик омаданӣ шуданд, саг аз ҷояш часта хеста аккос зада онҳоро намонд. Ҳар ду аз саг тарсида қафо гаштанд. Замира овоз бароварда соҳиби ҳавлиро чеғ заданӣ буд, ки дари тахтагини паҳлӯи дарвоза кушода шуду духтараки дувоздаҳ-сенздаҳсола намудор гардид:
-
Ба шумо кӣ даркор?
-
Фолбин, - гуфт холаи Салима. Духтарак ҳарфе назада боз дарун даромад ва дере нагузашта баргашта омад. Вай номи сагро гирифта:
-
Доно, хап кун, чим шин! - гуфт ва модару духтарро ба ҳавлӣ даровард.
Ҳарду аз паси духтарак ба хонаи дарун даромаданд.
Холаи Салима даруни хона ва ҷиҳози онро дида ҳанғаш парид. Аз даҳлез то пешгаҳ фаршу деворҳо аз қолину қолинҷаҳои пурнакшу нигор пур буданд. Дар тахмонҳо кӯрпаю болиштҳои маҳмалин. Шкафу ҷевону диванҳо ва курсиҳо ҳисоб надошт. Ҳама молҳои қиматбаҳои хориҷӣ. Фолбинзанаки шаст-шасту панҷсолаи гандумгун, ки ба чашму абрӯвон ва рӯю лабонаш рангҳои ҳархела молида оро дода буд, аз паси мизи чоркунҷа ба пешвози меҳмонҳо хеста, пазироӣ намуд. Холаи Салима баъди ҳолпурсӣ ба сари мақсад омад:
- Ба сари оилаи мо як нохушӣ омадааст. Писарам аз теппа афтида, маҷрӯҳ шуд. Чанд вақт дар беморхона хобид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё