Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Духтурон табобат карданд. Шукр, ҳозир саломатиаш бад не. Лекин ба назар ким-чӣ хел метобад, бисёр хаёл мекунад, хотираш парешон.

Фолбин чандсолаю чикора будани Беҳрӯзро пурсида, аз девон як даста картаро гирифта, болои миз партофт, онҳоро тагурӯ кард ва ба даруни халтача андохта, чаппаю роста намуд. Баъд ба занак гуфт, ки як дона картаро аз даруни халтача гирифта, ба ӯ диҳад. Фолбин картаро аз дасти холаи Салима гирифта, зери лаб пичирросзанон дуо хонд, кӯфу сӯф кард ва аз он чашм наканда гуфт:

– Ин кори аҷина. Ана вай кампири даҷҷол шуда, ба назарам намуд. Аз афту андомаш кас метарсад. Чашмонаш мисли лахчаи оташ месӯзад. Афтат дар гӯр, дафъ шав-э! Дигар одам наёфтӣ, ки ба ҳамин бачаи бечораю бегуноҳ чашм андохтӣ, аклу ҳушашро рабудӣ. Илоҳо хонаат сӯзад, ба туҳмат қирон ояд! Тӯф-тӯф-тӯф!

Фолбин картаҳоро як сӯ гузошта, ба холаи Салима рӯ овард:

– Ин кампири шайтон шабҳо ба хоби бача даромада метарсонад, аз пасаш сур мекунад, дасту пояшро баста, ба оташи дӯзах партофтанӣ мешавад. Лекин ҷазои ӯро ман додам. Дуо хонда тӯмори сиёҳ дӯхта мемонам, пагоҳ омада гиреду ба гиребони куртаи бача дӯхта монед. Як-ду рӯз нагузашта мебинед, ки бемор сип-сиҳат шудааст.

Холаи Салима ба суханони фолбин гӯш медоду гоҳ бовар мекард, гоҳ не ва аз дил мегузаронд, ки вай ин гапҳои афсонамонандро аз куҷо ёфта бошад. Холаи Салима дастрӯймолашро кушода, се сомонӣ бароварда пеши фолбин монд ва ваъдаи пагоҳ омаданро дода аз ҷой хест.

– Меҳмони азиз, ин кам, – гуфт фолбин ба пул ишора карда, – камаш даҳ сомонӣ мешавад.

– Дигар пул надорам, хоҳар. Боқимондаашро пагоҳ мебиёрам, – узр пеш овард холаи Салима.

Холаи Салима рӯзи дигар омада тӯмори сиёҳро гирифта бурд ва ҳамаи гуфтаҳои фолбинро иҷро намуд, вале дар Беҳрӯз ягон беҳбудие ба амал наомад.

пешина
аз 77
навбатӣ