Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Ҳама корро монда, ба кофтукови пул даромаданд. Рӯи ҳавлӣ, даруни ҷӯйбор, таги палос, болои токҷаю ҷевон, пеши оташдону танӯр — хулоса ҷое намонд, ки надида бошанд. Вале бенатиҷа.
Ниҳоят умедашонро канда ҳама аз паи кори худ шуданд. Беҳрӯз ҳам андаке ором шуду ба кӯча баромад. Замира зувола мегирифту модараш ба танӯр нон мечаспонд.
— Оча, медонӣ-чӣ? — гуфт Замира, — Беҳрӯз ҷои пули мондаашро фаромӯш кардагӣ.
— Ба хаёли ман ҳам ҳамин тавр, — гуфт модараш. Баногоҳ Замира дастони хамиролудашро саросема пок карда, давида хона даромад. Аз даруни ҷевон китобҳоро гирифта, варақ зад. Ба ёдаш омад, ки Беҳрӯз дина як китоби ғафси муқовааш зардро гирифта мехонд. Китоби қиссаю афсонаҳо, ҳа, китоби «Ҳазору як шаб» буд. Варақ зад, варақ заду аз байни он ногоҳ пулро дид ва аз шодӣ қариб буд, ки бо овози баланд фарёд кунад.
— Оча, ёфтам, ёфтам! — давида назди модараш омад Замира. — Дилам гувоҳӣ медод, ки Беҳрӯз ҷои пулмониро фаромӯш кардагӣ. Гумонам рост баромад.
— Хайрият-э, — хушҳол шуд модараш. — Метарсидам, ки агар пул ёфт нашавад, мабодо бачаякам аз зиқӣ касал шавад.
Замира додарашро, ки бо бачаҳои ҳамсоя бозӣ мекард, аз кӯча чеғ зада, пулро ба дасташ дод:
— Аз байни варақи китоб ёфтам. Дигар ҷои пулмониро фаромӯш накун.
Чеҳраи Беҳрӯз гулгун гардида, ба лабонаш табассум дамид.
Китоби шифо
Амаки Абдураҳим ба бозор рафта истода ба Беҳрӯз супориш дод. Аз ин албатта Беҳрӯз хурсанд шуд. Чунки аз бекорӣ рӯзҳои охир зиқ мемонд. Кӯча мебаромад, бо ҷӯраҳояш бозӣ мекард, баъд хона омада намедонист, ки вақташро чӣ тавр гузаронад. Хост гӯсфандашонро ба марғзори деҳа

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё