Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Пулро кӣ гирифт?

Ин пагоҳ Беҳрӯз аз хоб гӯё бо дасти чап хеста буд. Чеҳрааш тира, лабу лунҷаш овезон, хотираш парешон, рафтору гуфтораш дағал. Қароре надошт, хомӯшона гоҳ хона медаромаду гоҳ берун мебаромад, аз таги кат, рӯи ҳавлӣ ва роҳгард чашм наканда, чизеро кофтуков мекард. Модару апааш ба ӯ эътиборе надода, ба танӯр алав гиронда, дар тараддуди нонпазӣ буданд. Ниҳоят косаи сабраш лабрез шуд магар, ки ба ҷониби модараш овозашро баланд кард:
– Оча, пулам нест, гум шудааст. Кӣ гирифта бошад?
– Наход? Куҷо монда будӣ? – гӯён холаи Салима назди писараш омад.
– Дар таги болишт буд, – ҷавоб дод ӯ.
– Ҷойгаҳро ман ғундоштам, – гуфт Замира, – дар таги болишт пул набуд.

Холаи Салима ба суханони духтараш бовар накарда, хона даромад ва кӯрпаю болиштҳоро аз таҳмон гирифта, чаппаю роста кард. Аммо аз пул ному нишоне наёфт.
– Дурусттар фикр кун, ба хотир биёр, ки пулатро куҷо монда будӣ, – гуфт Замира.
– Гуфтам-ку, дар таги болишт буд, – очаю апаашро бовар кунонданӣ мешуд Беҳрӯз.
– Кӯрпаю болиштро ман ғундошта хона даровардам, агар мешуд, медидам.
– Чанд пул буд? – пурсид модараш.
– Панҷ сомонӣ, отам дода буд.
– Хайр, гум шуда бошад, садқаи сар, писарам, зик нашав, – бачаашро ором карданӣ шуд модар, – пагоҳ-фардо гелосу олуча чида ба бозор мебарам, аз пулаш ба ту медиҳам. Асло ғам нахӯр, бачам, дилатро васеъ кун.

Холаи Салима аз дилсӯзӣ ҳамин хел гуфт, аммо худаш қонеъ нашуд. Аҷабо! Пули қоғазӣ сӯзан нест, ки ба замин афтаду чашм набинад. Пой надорад, ки ба ҷои дигар равад, қанот надорад, ки парида ба осмон барояд. Духтараш одати пинҳонкунӣ надорад. Тавба! Мумкин пулашро ба ҷои дигар монда бошад?

пешина
аз 77
навбатӣ