Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Бо рӯймоли сафеди сараш ашки чашмонашро пок карда, овораи кори худ шуд.
Духтарҳо бо занак хайрухуш карда рафтаӣ буданд, ки аз қафо касе сангмайда партофт.
— Шариф, бас кун, тез хона рав. Агар наравӣ, мезанам, чунон мезанам, ки... — шунида шуд овози қаҳролуди занак.
Ҳабибаю Замира ба ақиб нигариста, бачаи жӯлидамӯи пойлучу сарлучро диданд, ки ба суханони модараш парвое накарда, онҳоро бо ҳар гуна имою ишораҳои безеб масхара мекард.
— Шариф туӣ? — пурсид Замира.
— Ҳоβва, — ҷавоб дод бача.
— Бачаи хуб менамоию беодобӣ мекунӣ. Ба гапи очат гӯш намекунӣ, кӯдаконро меранҷонӣ. Ин корат хуб нест.
— Ба ҷои ин мактаб хонӣ намешавад? — гуфт Ҳабиба. — Агар ҳозир мактаб нахонӣ, бесавод мемонӣ. Баъд ки калон шудӣ, пушаймон мешавӣ. Ба гапи очат гӯш кун, беодобӣ накун, мактаб рав.
— Намеравам, — лабонашро инч карда хандид Шариф.
Ҳабиба яке дид, ки бо мобайни кӯча як марди миёнсоли бузургҷусса, ки либоси милисагӣ дар тан дошт, оҳиста-оҳиста қадам зада меояд, гуфт:
— Агар ба гапи мо гӯш накунӣ, ба амаки милиса медиҳем.
Туро бурда қаба мекунад.
— Дар ин ҷо милиса нест, — гуфт Шариф бо ҳамон виқори пештара.
— Милиса нест? Ана бин кӣ меояд?
Шариф ба тарафи ишоракардаи Ҳабиба нигариста рангӣ рӯяш парид ва аз тарс чунон гурехт, ки дар як дам аз назар ғайб зад. Духтарҳо завқ карда хандиданд. Занаки фаррош ба онҳо нигариста табассум намуд ва бо ишораи сар «хайр»
гуфта, ба ҷорӯбзанӣ даромад.

Супориши нав

Кабир ба кори Беҳрӯз ёрӣ расонда, замбаргалтаки дар
ҳезумхона хобидаро кашола карда овард. Тахтаҳои пешу

пешина
аз 77
навбатӣ