Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
бари бордонаш шикаста, чарҳаш аз тир баромада буд. Беҳрӯз як даста тахтапораҳоро оварда, чен карда бурид. Баъд ҳар ду чӯраҳо пораҳои тахтаро ба чӯби бордони замбарғалтак монда, мех заданд ва чарҳашро гузаронда, бо фоначӯб мустаҳкам намуданд. Кор авҷ гирифт. Беҳрӯзу Кабир бо навбат хиштҳоро чида, ба бордони замбарғалтак бор карда, ба назди молхона бурда рехтанд. Дере нагузашта рӯи ҳавлӣ холӣ шуда, дар паҳлӯи молхона ғарами калони хиштҳо пайдо гардид.
Амаки Абдураҳим имрӯз аз бозор барвақт баргашт. Табъаш хира, димоғаш сӯхтагӣ буд. Вай болои кат баромада, дароз кашиду ба холаи Салима чой фармуд. Занак авзои беҷои шавҳарашро дида, хавотиромез пурсид:
— Аз бозор барвақт омадӣ? Асабонӣ метобӣ, тинҷӣ?
— Ҳеҷ гап нашудааст, шукри Худо тинҷӣ. Фақат ҳамин ки камтар асабонӣ шудам, – ҷавоб дод шавҳараш.
— Барои чӣ? Ягон кас ранҷонд ё ҷанг кардӣ?
— Пагоҳӣ саросема шуда, патентро нагирифтам. Нозири андоз омада, гаранг кард. Қариб буд, ки дару тирезаро гирифта барад. Сад қасам хӯрда нозири андозро хушӣ ба хушӣ гусел кунам, милисааш омадааст, ки ҳаққашро диҳам. Бо вай анча кашокаш карда, сурху сафед шудем.
— Беинсофҳо намемонанд, ки мардум бемалол ризку рӯзияшро ёфта, ором зиндагӣ кунанд, — зери лаб ғур-ғур кард холаи Салима.
Амаки Абдураҳим пиёлаи чойро дам кашида, нафасашро рост карду ба гирду атрофи ҳавлӣ чашм давонда, ғарами хиштҳои назди молхонаро дид ва хурсанд шуда Беҳрӯзро ҷеғ зад.
— Офарин, шери оташ, – гуфт вай, — хиштҳоро худат кашондӣ?
— Кабир ёрдам кард, қати вай кашондам, — гуфт Беҳрӯз.
— Ба чӯраат аз номи ман раҳмат гӯй, – илова намуд амаки Абдураҳим. – Кабир бачаи хуб, боодобу меҳнатдӯст. Чунки дар оилаи коргар тарбия гирифтагӣ. Ҳар касе, ки меҳнат мекунад, Худо ба вай хайру баракат медиҳад.
Баъди каме таваккуф вай ба қитъаи замини обҳакории

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё