Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

ки дар китоби «Шифо» дарҷ ёфта буд. Бо супориши Ҳабибаю Замира Кабир китоби энсиклопедияро дар бораи паррандаҳо аз муаллими зоологияи мактабашон гирифта омад. Ҳар се хонда баромаданд. Маълум шуд, ки шонасарак дар дашту даманҳо, марғзору чарогоҳҳо зиндагӣ карда, хӯрокаш тортанаку кирмҳо ва дигар хашаротҳо, ҷои хобаш байни харсангҳою ковокии дарахтон будааст. Онҳо шонасаракро дар дашту саҳро дида буданд, аммо дар куҷо ва чӣ тавр дастгир кардани онро намедонистанд.

— Медонӣ-чӣ? — маслиҳат дод Ҳабиба, — ба чарогоҳ рафта, аз Бӯрон илтимос мекунем, ки ба мо ёрӣ расонад. Вай бачаи хуб, не намегӯяд.

— Гапат маъқул, — хурсанд шуд Замира.

— Лекин Бӯрон ҳар рӯз ба молҷарронӣ намеояд-ку, — гуфт Кабир, — шояд имрӯз نەбошад. Худаш гуфта буд, ки дар як ҳафта як бор навбаташ мерасад.

— Фикрат дуруст, — гуфт Ҳабиба, — супориши мо ба ту ҳамин, ки ба чарогоҳ рафта, аз Бӯрон хабар гирифта меоӣ.

Кабир ба чарогоҳ рафт. Ба ҷои Бӯрон молҳоро як мӯйсафед мечаронд. «Бӯрон имрӯз намеояд, — гуфт вай, — навбаташ пасфардо».

Пас аз ду рӯз бачаҳо пагоҳии барвақт ба чарогоҳ омаданд ва Бӯронро ёфта мақсадашонро баён намуданд.

— Шонасаракро чӣ кор мекунед? — ҳайрон шуд Бӯрон.

Ҳабиба ҳамаашро фаҳмонда дод ва гуфт, ки гулҳои савсанро ҳам беҳуда начидаанд, балки барои табобати бемории як бачаи бечора аст.

— Кори савоб мекунед, — хурсанд шуд Бӯрон ва ба доманаи тепаҳо чашм дӯхт. Сипас сагашро ҷеғ зада гуфт, ки ба ҷое наравад ва ба молҳо нигоҳ кунад.

Бачаҳо ҳамроҳи Бӯрон ба поён фуромада, лаби ҷӯйбори калон омаданд, ки қад-қади он дарахтони беду тут ва чанор қомат афрохта буданд. Гунҷишку кабӯтар, майнаю акка, парасту ва дигар паррандагони ҳарранга дар шохҳои дарахтон нишаста, нағмасарой мекарданд. Онҳо села-села парида, ба дуриҳо мерафтанд ва боз баргашта меомаданд. Аммо дар байни онҳо шонасарак набуд.

пешина
аз 77
навбатӣ