Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— Зоти шонасарак дар ин ҷо кам, лекин ёфт мешавад. Ман дирӯз дида будам, — гуфт Бӯрон. — Сабр кардан лозим.

— Агар биёяд, чӣ хел дошта мегирем? — пурсид Кабир.

— Аз лонааш дошта гирифтан мумкин, — гуфт Ҳабиба.

— Дуруст, дуруст, — гапи ӯро тасдиқ намуд Бӯрон, — илоҷи дигар нест.

Ҳама давра гирифта рӯи майсазор нишастанд. Бӯрон найро аз дарункисаи костюм бароварда, ба навохтан даромад. «Акнун вай як соат найнавозӣ кунад, мо интизор шуда мешинем?» — бетоқатӣ карда ба Ҳабиба гуфт Замира.

Бӯрон инро аз авзои духтарҷон пай бурда, найро ба киса андохта аз ҷояш хест.

— Шонасарак одатан дар ковоки танаи дарахтон хона мемонад, канӣ бинем-чӣ.

Онҳо рафта, як-як дарахтонро диданд.

— Ана ёфтам, ёфтам! — хурсандона дод зад Ҳабиба ва ковоки танаи дарахти тутро нишон дод.

— Хонаи парандаи дигар набошад? — шубҳа кард Замира.

— Не, — гуфт Бӯрон, — хонаи шонасарак ҳамин хел мешавад.

Вай сангчаеро ёфта, ба даруни ковок партофт. Садое набаромад.

— Дар хонааш нест, куҷое рафтагӣ. Интизор шудан даркор, — гуфт Кабир.

Бачаҳо дуртар рафта шонасаракро поида нишастанд. Ҳама хомӯш. Дақиқаҳо паи ҳам мегузаштанду аз шонасарак дарак набуд. Хомӯш нишастан ба дили ҳама зад. Тоқати Ҳабиба ток шуду ба гап даромад ва ба гӯши Замира пичиррос зад. Замира хандид. Бӯрону Кабир аз хонаи шонасарак чашм намеканданд. Баногоҳ шонасарак пайдо шуда, дар болои шохи баланди тут минқорзанону пиш-пишкунон рақсу бозӣ кард, баъд оҳиста ба хонааш даромад.

— Хомӯш, бачаҳо, хомӯш, наҷунбида шинед, — гуфт Бӯрон ва ҳамроҳи Кабир ба таги тут омад. Худаш ба танаи дарахт часпида боло баромадан гирифт. Ба хонаи шонасарак расида, ба дарунаш даст андохт, вале он чунон чуқур буд, ки дасташ ба тағаш нарасид. Бо ишораи вай Кабир бо чӯбдаста ба танаи тут зад, то ки шонасарак тарсида боло ба-

пешина
аз 77
навбатӣ