Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Илоҷи дигар наёбем, чизу чораи хонаро мефурӯшем. Бачаякам сиҳат шавад, давлати ман ҳамин. Дилам аз зиқӣ торс кафам мегӯяд, баъди як ҳафта ҷарроҳӣ мекардаанд. Намедонам, оқибаташ чӣ мешавад. Илоҳо, парвардигори аъзам, дар паноҳаш нигоҳ дораду бачаам зиндаю сиҳату саломат монад. Дар акси ҳол ман мемурам.

— Худо хоҳад ҳамаш нағз мегузарад, — модарро тасаллӣ дод Ҳабиба.

Ҳабибаю Кабир ба хона баргаштанд. Аммо фикру хаёли Ҳабиба ба Беҳрӯз ва падару модари ӯ банд буд. Кошкӣ ҷарроҳӣ зуд ва ба хубӣ мегузашту Беҳрӯз шифо ёфта, пештара барин шоду масрур мегашт. Барои саломатии вай аз баҳри ҳама чиз гузаштан меарзад. Табобат накардани ин гуна инсон бераҳмӣ ва ҷиноят аст. Чӣ, Беҳрӯз дар сар шоҳ ё тоҷи подшоҳӣ дорад? Албатта не, лекин аз бачаҳои дигар фарқ мекунад. Пеш аз ҳама бачаи боақлу доно, раҳмдилу меҳрубон, хоксору меҳнатдӯст ва хайрхоҳ аст. Ба ҳар ҳол вай ба назари Ҳабиба ҳамин хел метобад. Шояд барои он ки ба Беҳрӯз дилбастагие дорад ва ин ҳусни таваҷҷӯҳ ва дилбастагӣ ҳанӯз аз айёми кӯдакӣ оғоз ёфта буд. Ҳар ду дар як маҳалла ва дар як кӯчаи хурди деҳа, ки ҳамеша аз кӯдакон пур буд, давидаю афтодаю хеста, бозию шӯхию шодикунон калон шудаанд. Вақте ки ба синфи якум рафтанд, ҳар ду ба як парта нишастанд. Дар синфи чоруму панҷум писаракону духтаракон алоҳида меништагӣ шуданд. Ҳарчанд ки муаллимон ба ин розӣ набуданд, ба гапи онҳо гӯш накарданд. Фақат Ҳабибаю Беҳрӯз ҷои худро иваз накарданд. Ҳамроҳ ба мактаб мерафтанду ҳамроҳ ба хона меомаданд. Гоҳо писаракону духтаракони шӯх ба ҳар ду писханд зада, масхара мекарданд, вале онҳо парвое надоштанд.

Дар деҳа одати қайд кардани рӯзи таваллуд набуд. Ин маросим фақат дар мактаб баргузор мегардид. Дар хотири Ҳабиба панҷуми майи соли гузашта, ки рӯзи таваллудаш буд, абадӣ нақш баста монд. Роҳбари синф Мамлакат Неъматовna бачаҳоро ҷамъ карда, Ҳабибаро табрик намуд, сипас бачаҳо ба ӯ туҳфаҳо супориданд. Яке китобу дигаре дафтар, сеюмӣ қанду сақич ва ғайра. Аммо беҳтарин туҳфа

пешина
аз 77
навбатӣ