Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Барояш тӯҳфаи Беҳрӯз буд. Вай як даста гули садбарг дод, ки дар зебоӣ ҳамто надошт. Ҳабиба, ки гули садбаргро дӯст медошт, бисёр хурсанд шуд. Аҷоибаш ин ки Беҳрӯз гулдастаро чунон пинҳон карда овардааст, ки Ҳабиба то вақти супоридани он бехабар монд.

Дар вақти дарс Беҳрӯз монандӣ бачаҳои дигар гап намезад, аз мӯи духтарон дошта намекашид, бо касе ҷанг намекард, балки ба дарси муаллим бо диққат гӯш медод. Бесабаб набуд, ки аз ҳама фанҳо баҳои аъло мегирифт. Ҳабиба низ кӯшиш мекард, ки мисли вай аълохон бошад, аммо на ҳамеша ин муяссараш мешуд.

Боре роҳбари синф Мамлакат Неъматовна баъди дарс маҷлис гузаронда, натиҷаи хониши нимсоларо ҷамъбаст намуд ва дар охир дар бораи орзуи бачаҳо, яъне дар оянда чӣ касбро интихоб кардани онҳо пурсон шуд. Касе чизе нагуфт. Беҳрӯзу Ҳабиба ҳам хомӯш нишастанд. Чунки дар синфи панҷум мехонданд ва дар бораи касбу ҳунари ояндаи худ ҳанӯз фикр накарда буданд.

— Набошад, — гуфт роҳбари синф, — ман худам мегӯям. Яъне аз рӯи натиҷаи хонишатон шумо дар оянда чӣ шуданатон мумкин аст, фикрамро баён мекунам.

Роҳбари синф ҳамаро як-як аз назар гузаронда, нигоҳаш ба Беҳрӯзу Ҳабиба қарор гирифт:

— Агар хонданро то охир ҳамин тавр бо баҳои аъло давом диҳад, Беҳрӯз математики бузург мешавад. Аз вай олим, академик мебарояд... Ҳабиба бошад, духтараки хуб, зебо, озода, ҷусту чолок, хонданаш ҳам хуб. Ман орзу мекунам, ки духтур шавад, вай ба ин касб зебандаю арзанда аст.

Ҳама ба сӯи онҳо нигоҳ карданд. Шӯру мағал хест. Мамлакат Неъматовна синфро хомӯш кардани шуд.

— Муаллима, Сафар чӣ мешавад? — пурсид касе аз бачаҳо.

Ҳанӯз муаллима даҳон накушода дигарон ҷавоб доданд:

— Чӯпони колхоз мешавад!

— Қаравили мактаб мешавад!

Синфро хандаи бачаҳо паҳш намуд.

— Не, шофир мешавад. Ана баъд шуморо ба мошинаш савор намекунам.

пешина
аз 77
навбатӣ