Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
шуниданд. Аз гардиш гузашта диданд, ки дар сари тангкӯча як бачаи ҳашт-даҳсола кӯдаки аз худаш хурдро ба замин ғалтонда ба сару рӯяш бо мушт мекубад.
Ҳар ду давида омада, бачаро тела доданд ва кӯдакро аз ҷанголи ӯ халос карданд.
– Аз худат хурдро чаро мезанӣ? – пурсид Ҳабиба. Ба ҷои ӯ кӯдак, ки чашмонашро молида гиря мекард, ҷавоб дод:
– Буҷуламро те гӯям, зад.
– Ман нагирифтам, дурӯғ мегӯяд, – худро сафед кардани шуд бача.
– Обид дурӯғ мегӯяд, вай буҷули моро кашида гирифт, – ба гап даромаданд кӯдакони дигар, – ба кисаи шимаш руст кард.
Кабир ба кисаи шими Обид даст андохта чорта буҷул баровард ва ба рӯи замин партофт.
– Инаш азони ман, ваяш азони ту, – гӯён кӯдакон ҳар кадом буҷули худро ёфта гирифтанд. Шерзод ҳам буҷулашро гирифта, хурсандона ба Ҳабибаю Кабир нигарист.
Ҳабиба ба Обид гуфт:
– Бача, беодобӣ накун, ба ҷои он ки ба кӯдакон ёрӣ расонӣ, баръакс онҳоро азоб медиҳӣ. Шарм намекунӣ?
– Агар як бори дигар кӯдакҳоро занӣ, ҷазоятро ман худам медиҳам. Баъд аз худат гила кун, – таҳдид кард Кабир.
Обид бо сари хам ба тангкӯча даромада аз назар ғайб зад. Кӯдакон машғули буҷулбозӣ шуданд.
Вақте ки Ҳабибаю Кабир ба ҳавлӣ даромаданд, Замира дар поёни суфа нишаста ҷомашӯӣ мекард. Холаи Салима набуд. Модараш барои шир ба хонаи ҳамсоя рафтааст. Замира дар дасти Ҳабиба чизи коғазпечро дида, чанд маротиба пурсиданӣ шуд, вале ҷуръат накард. Ба чеҳраи кушода ва гапзании хурсандонаи Ҳабибаю Кабир, ки ба назараш ғайриоддӣ ва аҷиб менамуд, нигариста, тааҷҷубаш торафт меафзуд.
– Намепурсӣ, ки дар даст чӣ дорем, – ниҳоят тоқаташ тоқ шуда бо табассум гуфт Ҳабиба.
– Надонам чӣ бошад, – гуфт Замира, – боз ягон дорую даво будагист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё