Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— Себатон аллакай пухтааст-дия, — гуфта лаълиро аз дасти ӯ гирифта, рӯи дастархон монд ва миннатдорӣ намуд.
— Агар ягон ҳафтаи дигар истад, ҷудо нағз мепухт, — гуфт Анбархола. — Аммо бачаҳои маҳалла намемонанд. Дина боз кадом як бача ба боғ даромада, шоҳи себро шикастааст. Бача набошад, гӯяд-ку, худам чида медиҳам.
Ӯ баъд ба ман нигариста пурсид:
— Писарам, дарди поят андак сабук шуд, охир?
— Ҳа, — кӯтоҳ ҷавоб додам ман ва аз шарм суп-сурх шудам.
Абдулло ҳам бетоқат буд. Ба назарамон чунин менамуд, ки Анбархола аз кори дирӯзаи мо бохабар асту ин суханонро қасдан ба мо мегӯяд.
Модарам ба ман нигарист. Ман бошам, замин намекафид, ки дароям.

АКА ВА УКА

Сомонҷон ака, Беҳрӯзҷон ука. Сомонҷон панҷсола, Беҳрӯзҷон якунимсола. Ҳар ду ба ҳамдигар чунон одат кардаанд, ки ягон дам бе ҳамдигар истода наметавонанд. Беҳрӯзҷон ҳамеша аз паи Сомонҷон мегардад, ба айвон барояд, ба айвон мебарояд, хона дарояд, хона медарояд, ба ошхона равад, ба ошхона меравад, нон хӯрад, нон мехӯрад, чой нӯшад, чой менӯшад. Дар ҳама корҳо ба акааш тақлид мекунад. Аммо вай ба як ҷо — ба берун намеравад, чунки модараш намемонад. Беҳрӯзҷон холо хурд аст, нағз роҳ гашта наметавонад, ҳам ҳозир зимистон, ҳаво хунук аст. Агар берун барояд, шамол хӯрда касал шуданаш мумкин.
Беҳрӯзҷон дер ба роҳ даромад, гапзаниро ҳам дер ёд гирифт. Нонро мон, ошро пош, чойро той мегӯяд. Лекин зеҳнаш тез, ақлаш расо, ҳама гапро мефаҳмад, фақат ба гуфтан душворӣ мекашад. Сомонҷон аз гапзании укааш завқ карда механдад ва баъзан ӯро масхара карданӣ мешавад. Он гоҳ модараш ба мобайн медарояд ва бо лабони пуртабассум ба Сомонҷон мегӯяд:

пешина
аз 77
навбатӣ