Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Дастёри оча шудааст-е, — гӯён модараш аз хурсандӣ Беҳрӯзҷонро ба оғӯш кашида, аз ду бари рӯи зебояш мебӯсад ва Сомонҷонро аз берун чеғ мезанад, то ки бо укааш бозӣ кунаду вай зиқ намонад.
Сомонҷону Беҳрӯзҷон боз овораи бозӣ мешаванд. Онҳо ана ҳамин хел акаю укаи ба ҳам меҳрубонанд.
ПАНДИ БОБО
Бобои Самандар баъди наҳорӣ асои пурнақшу нигори зебояшро гирифта, аз хона баромад ва оҳиста-оҳиста қадамзанон то роҳи калони сермошин рафт. Баъд атрофи биноҳои чорҳӯҷагаю нӯҳҳӯҷагаро давр зада омаду ба хараки назди даромадгоҳи хона нишаст. Ҳамин хараки дарози тахтагинро чанд сол пештар худаш сохтааст ва қариб ҳар рӯз ҳамин ҷо дам мегираду аз тамошои манзараҳои атроф лаззат мебарад. Бобо бо кӯдакон сӯҳбат карданро дӯст медорад. Барои он ки қариб панҷоҳ сол омӯзгори мактаб буд ва умри худро ҳамроҳи кӯдакон гузаронидааст. Дар як дам гирди ӯро бачаҳо печонда гирифтанд.
Дар маҳаллаи Зарбед, ки бобои Самандар зиндагӣ мекунад, кӯдакон бисёранд. Аз саҳари барвақт то дери шаб пои кӯдакон аз ин ҷо канда намешавад. Садои тохту тоз, доду фиғон, хандаю гиря доимо баланд аст. Ягон соати хомӯшию оромӣ нест. Як гурӯҳ бачаҳо саҳарӣ ба мактаб раванд, гурӯҳи дигар баъди пешин мераванд ва шӯру мағали онҳоро хурдтараконе, ки мактаб намеравнд, давом медиҳанд.
Аҷиб аст, ки бобои Самандар аз ин мағалҳо безобита намешавад, балки бозию шодии кӯдаконро дида, ба завқ меояд ва дар чеҳрааш табассум пайдо мешавад. Гоҳ бачаҳо аз ҳад зиёд шӯхию бетартибӣ карда, якдигарро меранҷонанд ва кӯдакони ранҷида ба бобо шикоят мекунанд. Бобо ба насиҳатгӯй медарояд:
— Рустам, ҷони бобош, ҷанг накун.
— Соҳиб, дашном нате, айб аст.
— Сӯҳробҷон буҷули Амина гардонда те. Ин корат хуб нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё