Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Беҳрӯз талабаи аълохону фаъоли мактаб, бачаи чусту чолок, меҳнатдӯст, хушрафтор ва ёрирасони пирому дардмандон буд.

Ҳабибаю Кабир, ки ҳамсоя ва ҳамсинфони Беҳрӯз буданд, бори дигар барои аёдати вай рафтагӣ шуданд. Саҳарии барвақт аз хоб хеста тайёрӣ диданд. Кабир аз боғашон қулфинай чид. Модараш дуто нони гарми танӯрӣ дод. Ҳабиба мехост оши палав пухта барад, вале модараш розӣ нашуд:

– Оши палавро то мебарию бемор мехӯрад, ки хунук мешавад. Хӯроки гарма очаш пухта мебарад. Беҳтараш чизи дигар бар.

Ҳабиба розӣ шуда, тухму бодиринг ва самбӯсаи алафин гирифт. Ва ҳар ду ба автобус савор шуда, ба шаҳр рафтанд ва соат даҳ нашуда ба беморхона расиданд. Ба ошёнаи дуюм баромада, ба палатаи чорум даромаданӣ буданд, ки ҳамшираи тиббӣ намонд:

– Мумкин не, вақти беморбинии духтурҳо. Тоқат карда шинед, интизор шавед.

Аммо онҳо тоқати интизорӣ надоштанд, махсусан Ҳабиба. Вай ҳамеша беқарор, мехоҳад, ки ҳама кор ба тезӣ иҷро гардад, аммо ин тавр намешуд. Ҳар ду дар дивани кӯҳнаи роҳрав даробарои духтурону беморонро тамошо карда хеле нишастанд. Ба назарашон вақт хеле суст мегузашт. Ниҳоят Ҳабиба зиқ шуда, аз ҷой хеста ва бо тамошои суратҳое, ки дар девор овехта шуда буд, машғул гардид. Дар як сурат скелети одам, узвҳои бадани ӯ, дар сурати дигар косахонаи сар, майнаи одам ва боз чизҳои дигари барояш нофаҳмо акс ёфта буданд. Аз косахонаи сар чашм наканда дилашро ваҳм пахш намуд ва аз хаёл гузаронд, ки наход каллаи беморро ҳамин хел пӯст канда, табобат намоянд ва чоки гиребонашро кушода, ба сари дилаш туф-туф карда, «Худо нигоҳ дорад-е» гуфт.

Ҳамшираи тиббӣ дарро кушода, иҷозати даромадан дод. Ҳабибаю Кабир ва чанд одами дигар вориди палата шуданд. Беҳрӯз, ки болои кати симин хобида буд, баробари дидани ҳамсинфҳояш аз ҷой хеста, онҳоро ба курсӣ шинонд.

пешина
аз 77
навбатӣ