Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Ҷароҳатҳои дасту рӯяш қариб шифо ёфта, варами пешонааш гаштааст. Доқаҳоро кушода буданд. Аммо ранги рӯяш захир метофт. Табъаш хира, қавоқаш овезон. Чеҳраи ӯро дида:
- Беҳрӯз, чаро хафа менамой? — пурсид Ҳабиба. - Зиқшавӣ ба ту намезебад. Ту бачаи майда нестӣ-ку. Ҳар хел гумонҳои бадро аз сарат дур кун.
Ҳамин тавр булбулаки Ҳабиба ба хондан даромад ва ба Кабир навбат надода беист гап мезад, мисли калонсолҳо ба бемор панду насиҳату маслиҳат медод, ҳар гуна воқеаҳои аҷоибу ғароибро накл мекард. Оҳиста-оҳиста авзои Беҳрӯз кушода шуда, ба лабонаш табассуму ханда омад ва сӯҳбаташ бо Ҳабиба тасфида рафт.
Ҳамин вақт роҳбари синф Мамлакат Неъматовна омад. Беҳрӯз кӯлвори пур аз нону кулча ва ҳар хел меваро дида хиҷолат кашид:
- Ҳамин чизҳо лозим набуд. Ҳамаи ина кӣ мехӯрад, убол мешавад.
- Ҳеҷ гап не, Беҳрӯзҷон, - гуфт роҳбари синф, - зиёдатиашро ба беморони дигар медиҳӣ.
- Аз рӯи қоида ба аёдати бемор бо дасти холӣ намеоянд, - ӯро аз хиҷолат баровардани шуда гуфт Ҳабибаи донояк.
- Духтур баъди як ҳафта ба хона ҷавоб медодааст, - гуфт Беҳрӯз, - лекин аз имтиҳонҳо мондам, акнун чӣ мешавад? - хавотир шуд вай.
- Дар ин бора асло фикр накун, хотират ҷамъ бошад, - гуфт роҳбари синф, - аз рӯи ҷамъбасти чорякҳо баҳо монда ба синфи ҳашт гузарондем. Ҳамааш панҷ, хавотир нашав.
- Барои он ки зиқ нашавӣ, китоб хон, - маслиҳат дод Кабир.
- Китоби дафъаи гузашта овардаи мана хондӣ? — пурсид Ҳабиба.
- Китоб? Кадом китоба?
- Дирӯз оварда будам-ку. Ана дар он ҷо хобидааст, - ба сӯи чевонча ишора кард вай.
- Ҳм... хум.., - нимғурма ҷавоб дод Беҳрӯз.
Ҳамсинфон ва роҳбари онҳо бо Беҳрӯз хайру хуш карда рафтанд. Аммо фикру хаёли Ҳабиба ба як чиз банд буд: ба-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё