Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
гуфт модараш.
Дев баромаду бобои тарсандаро ба хонааш гирифта даромад. Бобои тарсанда аз тарс сап-сафед шуда буд, дев рангу рӯи вайро дида, сахтар тарсида ба пеши модараш даромада гуфт:
Ин одамӣ чунон бадқаҳр шуда истодааст, ки ба хаёлам мехоҳад манро зинда ба зинда фурӯ барад.
Модари дев гуфт:
То шаб илоҷе кардан даркор, шаб дар ҷои хобаш ба гурзи оҳан мезанем, устухонҳояш майда-майда мешавад.
Бобои тарсанда аз паси дар гӯш карда истода буд, гуфтугӯи деву модарашро шунида, дарақ-дарақ ларзид, дев ларзаи вайро дида, аз қаҳр гумон карда, тамоман гаранг шуд.
Хулосаи калом, он рӯз шаб шуд, бобои тарсанда метарсид, ки ин девҳо вайро ба гурзи оҳан зада мекушанд, деву модараш метарсид, ки агар боз гурз кора накунад, ё пештар хабардор шавад, ҳар дуяшонро зинда ба зинда гӯр мекунад.
Вақти хоб дев барои бобои тарсанда дар хонаи берун ҷойи хоб андохт, худаш бо модараш дар хонаи дарунӣ шуд.
Бобои тарсанда «ҳозир мемурам» гуфта, аз ин тарафи хона ба он тарафи хона рафтуомад кардан гирифту нохост чашмаш ба як кундаи чӯбин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё