Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Суртар тарсида гуфт:
— Якто шабушкатро нишон деҳ, бинам?
— Аввал ту нишон деҳ!

Дев якто шабушкашро аз қабати мӯйҳои сараш бароварда партофт. Шабушки дев муш барин калон буд. Бобои тарсанда даст ба бағал бурду қурбоққаро бароварда партофт. Қурбоққа ба тарафи дев ду-се хез зад. Рангу қути дев тамоман канд. Вай худ ба худ гуфт, ки: «Агар инро фиреб карда накушам, маро ин мекушад». Дев ҳамин хел фикр карду ба бобои тарсанда гуфт:

Ман қуввати туро дидам, қоил шудам, биё ба хонаам, меҳмондорӣ мекунам, чизи бисёре медиҳам.

Бобои тарсанда фикр кард, ки аз дасти ин дев гурехта халос шуда наметавонад, ягон илоҷи дигар ёфтанаш даркор.

Деву бобои тарсанда ба хонаи дев равона шуданд. Дев ҳам хаёл мекард, ки аз ин бало чӣ хел халос шавад. Онҳо ба хонаи дев наздик шуданд, дев гуфт:

— Ту ин ҷо ист, ман даромада барои ту ҷойи шишт тайёр кунам.

Дев ба хонааш даромада ба модараш гуфт:
— Балои рӯи замин аз пасам омад, намедонам, чӣ кор кунам.

Дев ба модараш воқеаи рӯйдодаро нақл кард.
— Гирифта ба хона даро, шаб як илоҷ мекунем,

пешина
аз 161
навбатӣ