Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

— Эй занак, дар рӯи суфа як сиёҳӣ ба назарам метобад, вай чист?

— Э, шодиёна диҳед, мардак! — гуфт зан. — Вақти рафтани шумо умедвор будам, шумо рафтеду той барин як писар зоидам, дар гаҳвора хоб аст.

— Оҳ, дар хоки поят мурам, тамоми умр дар орзуи писар будам, шабҳои дароз ба хобам писар медаромад, чӣ хуш, ки писар зоидаӣ! Шамъро даргиронда биё, писаракамро бинам. Зан шамъ даргиронда овард. Мард рӯи гаҳвораро кушода:

— Эй зани беақл, ту чӣ хел писар зоидаӣ, ки ришу фаш дорад?!

Мардум дида ба мо механданд, мӯйчинакро биёр, рӯйҳои инро тоза карда монам.

Мардак мӯйчинакро гирифта, риши қозиро якта-якта кашидан гирифт. Ҳар бор, ки мекашид, ҷон аз бадани қозӣ мерафту пойҳояш таранг шуда, аз гаҳвора мебаромаданд.

— Эй зан, — гуфт — пойҳои ин писарат аз гаҳвора дарозанд, арраи дастиро биёр, зиёдатиашро бурида мепартоям. Кӯдак, ки шуд, кӯдак барин бошад!

Зан ба ҷустуҷӯи арра рафт. Қозӣ худ ба худ гуфт: «Ришамро чиданд, абрӯвонамро чиданд, пойҳоямро кас буриданд, аз ман чӣ мемонад?». Эшони қозӣ фарёд карда, гаҳвораро шикаста, аз

пешина
аз 161
навбатӣ