Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Ҷояш хесту худро ба сӯи дар зада, баромада рафт.
Пагоҳӣ дӯкондору баққол ба пеши қозӣ омада, аҳвол пурсиданд.
— Ҳеҷ напурсед, — гуфт қозӣ, — аз дасти он зани маккора на риш монду на абрӯ, агар чаққонӣ намекардам, аз пой ҳам ҷудо мешудам.
— Ҷазои занро додан даркор! — гуфтанд дӯкондору баққол.
— Гапатон дуруст, лекин агар ӯро ба қозихона кашем, зани гапдони ҳилагар воқеаро гуфта, ҳамаи моро шарманда мекунад, беҳтараш шабона ба хонааш зер карда рафта, боб мекунем.
— Ин гап маъқул, — гуфтанд дӯкондору баққол, — наход, ки мо се марди солиму бақувват, аз як зан қасосамонро гирифта натавонем?!
Қозию дӯкондору баққол нисфи шаб ба хонаи зан равон шуданд. Дарвоза маҳкам буд, ҳарчанд карданд, кушода натавонистанд, як илоҷ карда аз девор фаромада, диданд, ки дари хона ҳам маҳкам. Болои бом баромада, аз мӯрӣ фаромаданӣ шуданд. Як банд ёфта ба болои бом баромаданд.
— Ман зиёдтар зарар дидам, ман аввал мефароям! — гуфт қозӣ.
— Не, эшони қозӣ, — гуфтанд дӯкондору баққол, — инҷо ҳукми шумо раво нест, мо аввал

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё