Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

— Рақси занро дида, — тамоми баданам оташ гирифт, — гуфт баққол баромада, мисли кабк мехиромаду мисли кабӯтар чарх мезанад, чашм мепарронаду, дилро меларзонанд.

— Тезтар маро фароред! — гуфт қози ин гапҳоро шунида. — То даҳ бор «кашед» нагӯям, накашед!

Қозиро кашол карданд. Бадани ӯ серравған буд, ҷиззасаш ба осмон баромад.

— Эй вой, ба як даҳан даҳ бор «кашед» мегӯям, кашед, ки мурдам! — гуфт қози.

Ӯро кашида гирифтанд. Ҳар се аз бом ба кӯча фаромада, маслиҳат карданд, ки пагоҳ ба ҳокими шаҳр шикоят карда, аз вай талаб мекунанд, ки ҷазои занро диҳад.

Қозию баққолу дӯкондор рӯзи дигар пеши ҳоким омада, дар бораи зан арз карданд. Ҳоким занро оваронида, дӯғу пӯписа карда, пурсид:

— Эй зани маккора, барои чӣ корҳои нораво карда, ин се одами обрӯмандро азоб додӣ?

— Эй тақсир, — гуфт зан, — баръакс инҳо бо нияти бад ба хонаи ман омада, маро азоб додани шуданд. Агар асли воқеаро пурсед, ин ҳар се як вақтҳо ғуломони падари ман буданд. Падарам одами нек буданд, дилашон сӯхта, ҳамаи ғуломонашро пулу мол дода, озод карданд. Аз байни онҳо ин се ба давлату мартабаашон мағрур шуда, корҳои бад мекардагӣ шуданд.

— Ту чӣ хел исбот мекунӣ, ки онҳо ғуломони

пешина
аз 161
навбатӣ