Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Мефароем.

Қариб буд, ки байнашон ҷанҷол хезад, оқибат қарор доданд, ки дӯкондор аввал фарояд.

  • Ҳамин ки кашед! - гуфтам, кашед! - хоҳиш кард дӯкондор. Зан аз омадани онҳо хабардор буд, як тамға ёфта, тасфонда, тайёр шуда истод. Пои дӯкондор ба замин нарасида, домани ӯро бардошта пушташро луч карда, оҳани тасфонро пахш кард.

  • Эй вой, кашед! - гӯён дӯкондор фарёд бардошт. Кашида гирифтанду пурсиданд, ки чӣ гап будааст.

  • Базм будааст, - гуфт, - базми калон, зан дар миёна мерақсад, чунон мерақсад, ки чашм кандан душвор.

  • Ин хел бошад, чаро зуд баромадӣ? - пурсид қозӣ.

  • Тарсидам, ки дастгир нашавам.

Навбати баққол расид.

  • Ман то панҷ бор «кашед» нагӯям, накашед! - гуфт баққол, - бигзоред, хуб тамошо кунам.

Ҳанӯз пои баққол ба замин нарасида, зан ба пушти вай ҳам ҷиззас кунонда тамғаро пахш кард.

  • Эй кашед, ки мурдам! - гуфт баққол.

То панҷ бор «кашед» нагуфт, накашиданд. Дар ин муддат зан боз як бор ба пушти ӯ тамға зада гирифт.

пешина
аз 161
навбатӣ