Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

дошт, гуфт:
– Эй нохалаф, чаро ба оҳуи мо банд андохтанӣ ҳастед?
Шоҳзода узр хоста, гуфт, ки падараш ҳафт сол боз ба дарди дил гирифтор, гӯшту хуни ҳамин оҳу ба дарди вай даво будааст.
Сардори париҳо гуфт:
– Эй ҷавони нозанин, барои ин оҳу бисёр ҷондорҳо беҷон шуданд, бисёр паҳлавонҳо хазон шуданд. Мо шарт дорем, агар ба ҷо оварӣ, оҳу аз они ту.
Шоҳзода гуфт:
– Шартатро гӯй, мо иҷро мекунем.
– Шарти мо ҳамин, ки якум: бо ҳамин оҳу то шаҳри Балх пойга мегиред. Он ҷо нишона ҳаст, агар ҳамон нишонаро пеш биёред, шарти якум иҷро мешавад. Шарти дуюм ин аст, ки дар байни замину осмон як кӯшк месозед. Шарти сеюм: як танӯри оҳанӣ дорем, шуморо ба дарунаш андохта, аз тагаш ҳафт шабу ҳафт рӯз олав мекунем, дар даруни он ду кило биринҷро ош карда мехӯреду зинда мебароед. Агар ҳамин шартҳоро ба ҷо биёред, худи мо, оҳу ва ҳама чизе, ки дорем, аз они шумост. Моро хоҳ фурӯшед, хоҳ каниз кунед, хоҳ кушед, баъд ихтиёр доред. Агар шартҳоро ба ҷо оварада натавонистед, ҳамаатонро ба зиндон меандозем. Агар мурдед, ҷасадатонро хӯроки морон мекунем.

пешина
аз 161
навбатӣ