Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Шоҳзода шартҳоро қабул кард. Барои иҷро кардани шарти якум ҷил кас ҳаракат кард, лекин ягонтоаш то чоряки роҳ давида натавонист, хулоса, ягон шартро иҷро карда натавонистанд. Баъд париҳо дасту пои онҳоро баста, ба зиндон партофтанд.

Аз мобайн се сол гузашт, аз шоҳзода дарак нашуд. Дарди подшоҳ дутарафа бедаво шуд. Баъд подшоҳ ҷорчӣ монда эълон кард, ки «касе рафта оҳуро биёраду хабари мурдаю зиндаи писарамро ба ман расонад, хироҷи мамлакатро медиҳам, як умр бо авлодаш хӯрда хоб мекунад». Аммо ҳеҷ кас ба ин кор ҷуръат карда натавонист.

Ин гап ба гӯши подабондухтар Гулсанам расид. Ӯ либосҳои чӯпонӣ пӯшида, баъд ба пеши подшоҳ омада арз кард:

— Ба ин кор ман меравам!

Подшоҳ гуфт:

— Гум шав аз назарам, алами диламро тоза накун! Ҳамин қадар одамони зӯр ҷуръат намекунанду ту, ки паша барин ҷон дорӣ, аз уҳдаи ин кор мебарой?

Гулсанам чил шабу чил рӯз дар ҷӯлу биёбон, забонаш ба комаш часпида, пойҳояш обила карда, роҳ тай карду охир ба домани як кӯҳ, ба лаби як чашмаи об расида, об нӯшид. Ҳамин вақт ба гӯшаш овози нола расид. Нола чунон дилҳарош буд, ки хастагиашро фаромӯш карда, каси нола-

пешина
аз 161
навбатӣ