Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Баъд чоркаса ба дев савор шуда, ба макони париҳо рафтанд.

Париҳо шартҳои худро гуфтанд. Гулсанам қабул карда, ба назди бародарон омад. Бародари калонӣ гуфт:

  • Шарти якумро ман ба ҷо меорам.

Баъд вай бо оҳу мусобиқа кард. Оҳу нисфи роҳ нарасида, рафта нишонаро гирифта омад.

Дев гуфт:

  • Эй хоҷа, шарти дуюмро ман ба ҷо меорам.
    Баъд дев ба миёни осмон баромада истод.

Гулсанам ба париҳо гуфт:

  • Акнун ба устои ман мардикор даркор, одам ёфта диҳед, ба усто сангу хишт расондан гирад, ки таҳкурсии иморатро партояд.

Париҳо гуфтанд:

  • Ин шартро ҳам бурдӣ.

Баъд додари хурдӣ Баҳр-паҳлавон гуфт:
Шарти сеюмро ман ба ҷо меорам.

Париҳо ба олав мондани танӯр сар карданд. Баҳр-паҳлавон як баҳр обро дам кашида, ба даруни танӯр даромад. Биринҷу гӯшту равғанро баробари ба танӯр даромадан хомохом фурӯ бурд. Вақте ки танӯр андак тасфида омад, камтар об пуф кард. Ҳамин тавр кам-кам об пуф карда, ҳафт рӯз дар даруни танӯр нишаст.

Баъд аз ҳафт рӯз париҳо танӯрро кушода ди-

пешина
аз 161
навбатӣ