Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

данд, ки паҳлавон аз хунукӣ ларзида нишастааст. Баъд сардори париҳо Нигора ба Гулсанам гуфт:
— Мо ҳар чӣ, ки дорем, дар ихтиёри шумо, чӣ коре хоҳед, кунед.

Гулсанам фармон дод, ки тамоми хонаҳоро кушода бинанд. Як хонаро кушоданд, ки шоҳзода ҳамроҳи чил паҳлавонаш дасту пойҳо баста, харобу лоғар, мӯйҳои сар расида, кирмхона шуда хобидааст, ки базӯр пишак барин мингос мезанад. Онҳоро озод карда, мӯйҳои сарашонро гирифта, ҳаммом кунонда, либосҳои тоза пӯшонданд.

Ҳамин вақт модару бародараш ба хотири Гулсанам расиданд, ки ӯ ғамгин шуда фикр кард, ки ҳоли онҳо чӣ шуда бошад. Баъд хост, ки садоқати шоҳзодаро имтиҳон кунад ва бо ҳамин мақсад Нигораро ба шоҳзода доданӣ шуд.

Шоҳзода ба Гулсанам гуфт:
— Эй хӯҷаин, ба ман зан лозим не! Ман як духтарро дӯст медорам, як бори дигар вайро бинам, баъд мурам, майлаш.

Гулсанам сир надода гуфт:
— Хоҳӣ, нахоҳӣ, ҳамин зани ту.

Баъд ҳама ба роҳ баромаданд, пас аз чанд вақт ба хонаи ҳамон мӯйсафеди падархондаш расиданд.

Мӯйсафед ба хурсандии омадани онҳо чил шабу чил рӯз тӯй дод.

пешина
аз 161
навбатӣ