Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Шоҳзода беҳуш шуд.

Модару бародараш Гулсанамро дида, аз хурсанӣ гиря карданд.

Подшоҳ писарашро ба ҳуш оварда ба аркаш бурд. Баъд сабаби беҳуш шудани вайро пурсид. Шоҳзода гуфт:

– Ман кайҳо боз ошиқи ин духтарам.

Баъд чӣ гуна ба дасти париҳо асир афтоданаш ва чӣ гуна ба дасти ҳамин духтар наҷот ёфтани саргузашташро ба падараш ҳикоя кард.

Подшоҳ дарҳол ба хонаи духтар хостгор фиристод. Модари духтар розӣ шуд. Баъд чил шабу чил рӯз тӯй дода, Гулсанамро ба писараш ва Нигораро ба бародари Гулсанам – подабонбача никоҳ карда дод.

Ҳамин тавр, онҳо ба мақсади худ расиданд, шумо ҳам расед.

ҲАСАНАК

Ҳасанак ҷавоне буд аҷоиб ва одати аҷибе дошт ӯ, шаҳр ба шаҳр мегашту деҳ ба деҳ. Ба ҷуз сайру тамошою дидани оламу одам ормоне надошт. Рӯзе хӯрчин дар китфу корд дар миён деҳу саҳрову кӯҳу кӯтал тай карда, ба шаҳре расид, ки ҳоле дошт хароб, ҳар ҷо мурда диду ҳавлиҳои холию хонаҳои бекас. Дар чанголи гуруснагиву қаҳтӣ азоби сахте доштанд мардум, ҳайрон бу-

пешина
аз 161
навбатӣ