Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
данду ҳаросон.
«Аз ту ҳаракату аз ман баракат» гуфтааст парвардигори олам. Ҳамин фикрро кард Ҳасанаку ба сӯи кӯҳ раҳ пеш гирифт. Бешазор буд кӯҳ, аз хӯрчинаш банду табарашро бароварду ҳезум тайёр карда, баста, як банди калони ҳезумро пуштора карда, ба бозор оварда фурӯхту ба худаш мувофиқ гӯшту равғану пиёзу сабзӣ харида, ба як ҳавлии бесоҳиби вайрон даромада, «ҷӯянда - ёбанда» ин сӯй, он сӯйро кофт, дегу табаку кафгир ёфта, дар тараддуди пухтупаз шуд.
Подшоҳи мамлакат, ки мардумро дар ҳоли табоҳе дида, мехост бидонад, ки онҳо чӣ мегӯянду чӣ фикру зикре доранд, либоси фақирона пӯшида, кӯча ба кӯча мегашт. Бегоҳӣ он рӯзе, ки Ҳасанак аз кӯҳ ҳезум оварда фурӯхту гӯшту равғану пиёзу сабзӣ харида, дар тараддуди пухтупаз шуда буд, подшоҳ аз кӯчае гузашта дид, ки аз мӯрие дуд мебарояд.
«Аз ягон мӯрие дуд намебарояду фақат аз як мӯрии ҳавлии вайронае дуд мебарояд, аҷаб», - гуфт дар дилашу наздиктар омад, ки бӯйи палав ба димогаш зад. Ба ҳавлӣ даромад. Ҷавони танҳоеро дид, ки назди оташдон нишаста, ба таги дег рӯи оташи фурӯзон якта-якта ҳезум мепартофт.
Подшоҳ сурфид. Ҷавон сар бардошта, марди камбағалнамоеро дид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё