Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
ҳам камакак бардошта бар» гӯяд. Бобои тарсанда яктарафа шуда, таёқашро ба осмон рост кард, дев пурсид, ки чаро ин тавр мекунад.
Бобои тарсанда гуфт:
– Феълам омада истодааст, бо ҳамин таёқ зада, осмонро афтонам мегӯям.
Дев «ин корро накун» гуфта, вайро зорию тавалло карда, ба хонааш бурд, воқеаро ба модараш нақл кард. Девҳо боз як пояи хӯрцинро аз тангаю тило пур карда, ӯро гусел карданд. Бобои тарсанда дигар наметарсидагӣ шуду ба муроду мақсадаш расид.
ПОДШОҲ ВА ДУХТАРИ ОҲАНГАР
Буд, набуд, як подшоҳ буд, ӯ аз ҳамаи шаҳру деҳот донишмандон ва пирони хирадмандро дар пойтахти мамлакаташ ҷамъ карда буд ва ҳар пагоҳ онҳоро пеши худ даъват карда, саволе медоду ҷавобе мегирифт.
Як саҳарӣ подшоҳ дар чорбоғаш сайру гашт карда истода, ҷанги ду гунҷишкро дида монд. Гунҷишкон дар шохи дарахт, дар болои лонаашон чириқ-чириқкунон ба ҳамдигар ҳамла карда, ба замин афтоданду ҷанги худро дар рӯи замин давом доданд.
Подшоҳ ба сари онҳо рафта, пояшро тап-тап ба замин зад, аммо гунҷишкакони саргарми ҷанг

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё