Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Онҳо талош чизеро пай набурданд.
Ҳамон пагоҳ подшоҳ ба донишмандону пирони хирадманд воқеаро нақл карда, савол дод:
— Гунҷишкакон чаро бо ҳамдигар ҷангу ҷидол доштанд, онҳо ба якдигар чӣ мегуфтанд?
Донишмандону пирони хирадманд ҷавоб гуфта натавониста, се рӯз мӯҳлат талабида, ба маслиҳатҳои худ равон шуданд.
Дар сари роҳи онҳо дӯкони як оҳангаре буд. Оҳангар духтаре дошт. Духтар ҳар рӯз омада, аз пагоҳ то бегоҳ ба падараш ёрӣ медод. Духтари меҳнатдӯсту доно буд.
Духтар дид, ки донишмандону пирони хирадманд имрӯз аз пеши подшоҳ бо сари хам, маъюсу ғамгин баргашта истодаанд, аз дӯкон баромада, як донишмандро, ки бо падараш ошно буд, нигоҳ дошта пурсид:
— Ҳар пагоҳ шумоён аз пеши подшоҳ шоду хурсанд мерафтед, барои чӣ имрӯз ғамгин баргаштед?
— Эй духтарам, — гуфт донишманд оҳ кашида, таги гапро кофта чӣ мекунӣ?
Духтар донишмандро ба ҷону ҳолаш намонда, хоҳиш кард, ки воқеаи шударо гӯяд. Донишманд оҳи бадард кашида гуфт:
— Подшоҳ имрӯз як саволе гуфт, ки ҷавоб надорад. Ду гунҷишкак ҷанг кардаанд, ғайр аз Худо ҳеҷ махлуқи дигар намедонад. Аз мо пурсид, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё