Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

бошишгоҳи Ҳасанак равон шуд. Бовар дошт, ки Ҳасанакро беҳолу гурусна хоҳад дид. Боз дар назди дарвоза бӯйи зирбаки палав ба димоғаш зада, тааҷҷуб кард.

Ҳасанак хурраму хушнуд палав мепухт.

— Биёед, ошно, биёед! — гуфт ӯ подшоҳро дида. Палавро хӯрданд, аз дирӯза бамазатар буд.

— Канӣ, гӯй, имрӯз харҷи ошро чӣ хел пайдо кардӣ? — пурсид подшоҳ.

— Асло напурсед, — гуфт Ҳасанак, — одамони подшоҳ маро гирифта бурда, ба дастам шоф до­да, посбони қалъа таъйин карданд. Шофи дода­гиашонро фурӯхтаму шофи чӯбин харида ба ғилофаш андохта мондам. Пулаш аз хариди имрӯза ҳам зиёдатӣ кард.

— Агар подшоҳ туро ба назди худ бурда, ягон ҷинояткорро бо шоф зан гӯяд, чӣ кор мекунӣ? Дар ин бора фикр накардӣ? — ҷиддӣ пурсид подшоҳ.

— Одам дар ҳар хусус фикр кардан гирад, зуд пир мешавад – гуфт Ҳасанак. — Магар нашунида­ед, ки бузургон гуфтаанд:

Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, Мушкиле нест, ки осон нашавад.

Подшоҳ рӯзи дигар гуфтагиашро кард. Ҳасанакро ба назди ӯ гирифта бурданду як марди ишқал дар пою дастро тела дода пеши

пешина
аз 161
навбатӣ