Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Подшоҳ оварданд. Подшоҳ ба Ҳасанак фармуд:
— Ин мард гуноҳи азим кардааст. Мо ҳукми куш баровардем. Агар бо як шоф задан гарданашро аз тан ҷудо накунӣ, ҷаллодон сари худи туро аз танат ҷудо мекунанд.
— Хуб шудааст! Амри подшоҳ барои бандагонаш воҷиб аст! — гӯён Ҳасанак шофро аз ғилоф бароварда, ба гардани гунаҳкор чунон зад, ки шофи чӯбӣ пора-пора шуда, ба чор тараф пош хӯрд.
— Эй подшоҳи олам, эй султони бокарам, — гуфт Ҳасанак, — дуруст гуфта будаанд, ки «агар одам бегуноҳ бошад, шофи ҷаллод чӯб мегардад». Ин мардак бегуноҳ будааст, шофи ман чӯб шуд.
Подшоҳ хандиду ба кордонию зиракии Ҳасанак қоил шуда, ӯро ҷавоб дод. Ҳасанак пештара барин бо вақти хуш зиндагӣ карда гаштан гирифт.
ТОШӢ
Як подшоҳ буд, як бача дошт. Бача хушрӯю зебо буд. Рӯзе ба падараш гуфт, ки:
— Ба ман як зан гирифта бидеҳ, ки чени худам бошад.
Одамони подшоҳ, аз кофтукоб кафшашон ғалбер гашт, таёқашон сӯзан, лекин духтари муносиб ёфта натавонистанд. Подшоҳ ба бачааш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё