Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Духтарашро хостгорӣ кард, подшоҳ бо сари хам нишасту хаёл кард, ки духтари ман лоиқи подшоҳу шоҳзода аст, агар ба писари вазир надиҳам, вай хафа мешавад, чӣ кор кунам? Хайр, охир сарашро бардошту гуфт:

– Майлаш, ман духтарамро ба писарат медиҳам, лекин ҳаққи маҳри духтари ман вазнин, ба ҳамин ту розӣ?

– Марҳамат, канӣ шунавам, – гуфт вазир.

Подшоҳ гуфт:

– Барои маҳри духтари ман ҳазор уштури сафед, ҳазор гӯсфанди сафед, ҳазор барраи ширмаст, ҳазор гови зоти бо гӯсолаш, ҳазор оҳу бо оҳубарааш, ҳазор аспи нар, ҳазор байтал, ҳазор гург, ҳазор шоҳин, аз атласу кимхобу кундал ҳазорлибосӣ! Марҳамат агар оварда тавонӣ, духтарамро ба писарат медиҳам.

Вазир рафта гапи подшоҳро ба писараш гуфт. Писари вазир ин гапро шунида, худашро ба сурати қаландар карду қиличу шашпар, гурзу сипар гирифту аз падару модараш дуо гирифта, аз мамлакаташ баромада рафт.

Даҳ шабу даҳ рӯз роҳ гашт, ба ҷое расид, ки ду роҳ дорад, ҳайрон шуда, ба кадомаш рафтанашро надониста хаёл карда истода буд, ки саворае бо аспи сиёҳу сару либоси сиёҳ ба пешаш омаду ҳардуяшон салому алек карданд. Сиёҳпӯш гуфт:

– Эй бародар, аз куҷо омада истодай, ба куҷо

пешина
аз 161
навбатӣ