Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

меравӣ?

— Ман аз фалон ҷо омадам, ба ҳамин дуроҳагӣ расида ҳайрон мондам, ба кадом тараф рафтанамро надониста истода будам, ки ту омада мондӣ. Ман як одами аз дунё дилхунукшуда ҳастам, ба кадом тараф рафтанамро намедонам!

— Ба ту чӣ алам расидааст? — пурсид сиёҳпӯш. Вазирбача саргузашташро гуфта дод.

— Эй бародар, дар дунё одам барои зан шуда худашро ба кӯйи сарсонӣ мезанад магар? Марди ҳақиқӣ аввал дар ғами зан нашуда, худашро дар майдон нишон медиҳад. Ман дар ҷанг рафта истодаам, аз як кас дида ду кас беҳтар, хоҳӣ агар, ҳамроҳи ман биё.

Писари вазир қабул карду ҳамроҳ рафтанд, се шабу се рӯз роҳ гашта, дар канори шаҳр фуромаданду чодар зада ҳардуяшон то рӯз сӯҳбат карда нишастанд. Рӯз шуда буд, ки сиёҳпӯш карнай кашида, талаби ҷанг зад. Подшоҳи мамлакат баромада дид, ки ду паҳлавон талаби ҷанг дорад, бар зидди паҳлавонон лашкар кашид.

Ин сиёҳпӯш Водареғ ном паридухтаре буд. Ӯ бисёр паҳлавон буд, чил кокулашро таги телпак карда бо душманаш ҷанг мекард. Ҳама вақт сару либоси сиёҳу ниқоб пӯшида ҷанг мекард. Ба як ҷанг кардан чил рӯз меҷангиду баъди ин чил рӯз ба хоби паҳлавонӣ мерафт. Аз ҳамаи ин вазирбача хабар надошт, аскари бисёри ин подшоҳро

пешина
аз 161
навбатӣ