Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
кард.
Каллаи дев рафта-рафта ба таги як санги хона барин калон даромада рафт. Водарғ гашта омаду обу ошро тайёр кард, вазирбача аз ҷанг гашта омад, обу ошро хӯрданд. Сиёҳпӯш ба асп савор шуду ҳамроҳаш вазирбачаро гирифта, ба пеши санг рафтанд. Водарғ ба вазирбача гуфт:
– Бародар, сангро гирифта парто!
Вазирбача ҳарчанд кард, сангро аз ҷояш ҷунбонда натавонист. Водарғ аз асп фаромаду як зӯр зада сангро гирифта, ба як тараф партофт. Нигоҳ карданд, ки таги санг як ҷоҳи бетаг. Аввал камандро ба миёни вазирбача баста, ба чоҳ фуровард. Вай ба нисфи чоҳ фуромада буд, ки:
– Сӯхтам! Пухтам! Каш! – гуфта дод гуфт:
Водарғ вайро кашида гирифту камандро ба миёни худаш баста гуфт:
– Ҳазор сӯхтаму пухтам гӯям ҳам, гӯш накарда то охир ресмонро сар деҳ!
Водарғ ба чоҳ фаромад. То нисфи чоҳ фаромад, ки доду войи Водарғ баромад. Вазирбача гӯш накарда, камандро сар додан гирифт. Водарғ ба таги чоҳ расида, дид, ки як ҷӯй равон асту як қалъаи сар ба фалак кашидаи намоён, на дар дораду на сӯрох.
Ӯ дасту рӯяшро шусту гирди қалъаро як бор гашта баромад, ки дар як тахтасанг бо ким-чи хел хат чизе навишта шуда буд. Хатро хонда буд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё