Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
ки як раъду барқ барин садо баромаду дарвозаи қалъа кушода шуд. Ба даруни қаср даромад, ки як паризод дар болои тахт нишастаасту ҳамон каллаи ришаш садваҷабаро дар бағалаш гирифта, гиря дорад. Водарғ даромада ин ҳодисаро диду гуфт:
— Ту кистӣ, инсӣ, ҷинсӣ, парий, паризодӣ? Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ, ин қалъаи кӣ? Ин калла каллаи кист?
Духтар гуфт:
— Номи ман Райҳон-бибӣ, ман духтари подшоҳи Миср мешавам. Дар ҳафтсолагиам ҳамин дев маро дуздида буд, ҳозир ба чордаҳ даромадам, то ҳамин вақт дев ба ман нигоҳубин мекард, хӯрок меовард. Касе ӯро аз танаш ҷудо кардааст. Ман ба мурдаи дев не, ба ҳоли худ гиря карда истодаам.
Водарғ калларо аз ришаш дошта, чунон ҳаво дод, ки аз чашм ноаён шуда, баъди чанд вақт ба замин афтоду ба ҳафт қабати замин даромада рафт. Худи ҳамон замон панҷсад дев пайдо шуд. Водарғ ба духтар гуфт:
— Ту ҳоло ба он баландии баромада тамошо карда шин, ман бо ин девҳо ҷанг карда, инҳоро яктарафа карда, баъд ба пеши ту меоям.
Водарғ шамшерро луч карда, девҳоро зада ба замин яксон кард.
— Боз яктогӣ зан, ки ҷонамон барояд! — гуфтанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё