Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Кии шаҳри Миср рафта ҷодар заданду ба подшоҳ одам фиристода хабар доданд, ки духтарат ёфт шуда омад. Подшоҳ хурсанд шуда, духтарашро пешвоз гирифт. Ҳафт шабу ҳафт рӯз тӯй дода, духтарашро ба Водарёг додани шуд. Водарёг гуфт:

– Не, агар ба хурсандии ман нигоҳ кунед, духтаратонро ба бародарам никоҳ карда диҳед!

Сипас подшоҳи шаҳри Миср Райҳон-бибиро ба вазирбача никоҳ карда дод.

Чанд рӯз гузашта буд, ки Водарёг ба вазирбача гуфт:

– Акнун ман туро бо занат ба ватанат бурда мемонам, вақти хоби паҳлавонии ман наздик шуд.

Ҳамин хел, вазирбачаро бо занаш ба пеши падару модараш бурд. Ҳамин ки вазирбача ба ватанаш расид, аламаш тоза шуду оҳ кашида гуфт:

– Ман ба духтари ҳамин подшоҳ меҳр баста будам, афсӯс, ки ба мақсадам нарасидам!

Водарёг гуфт:

– Ҳеҷ гап не, ҳамин чизҳои подшоҳ гуфтагиро худи пагоҳ оварда, духтари подшоҳро ба ту гирифта медиҳам!

Як вақте пагоҳ вазирбача хест, ки ҳамаи чизҳои подшоҳ фармудагӣ аз будаш зиёдтар тайёр шудааст. Ин чизҳоро ба қасри подшоҳ гирифта бурданд, подшоҳ ҳам ҳеҷ чиз гуфта натавонисту

пешина
аз 161
навбатӣ