Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Духтарашро ба писари вазир дод. Чил шабу чил рӯз тӯй карда ин духтари подшоҳро ҳам ба хонаи вазирбача арӯс карда оварданд. Пеш аз он ки домодро ба пеши арӯс дароварданд, Водарғ ба писари вазир як қаламтарош дода гуфт:
– Акнун вақти рафтани ман шуд, аз ман як хоҳиш ҳамин ки ҳар вақт қаламтарошро, ки дидӣ Водарғ гуфта маро ба хотир биёр!
Вазирбача ҳам ин хоҳиши сиёҳпӯшро ба ҷон қабул карду ҳардуяшон хайрухуш карданд. Қаламтарошро писари вазир ба соқи мӯзааш андохт.
Вақте ки шабона домодро ба пеши арӯс дароварданд, занаш мӯзаи вазирбачаро кашид. Мӯзаро кашида буд, ки аз соқи мӯзааш қаламтарош афтид, вазирбача онро диду: «Водарғ!» – гуфт.
– Ҳа, шумо, ки Водарғро дида бошед, маро писанд мекунед-чӣ?
Вазирбача фаҳмид, ки ҷавони сиёҳпӯш духтар будаасту номаш Водарғ. Гашта як пои мӯзаашро накашида аз нав ин пояшро пӯшиду асп савор шуда, ба суроғи Водарғ рафт. Рафта-рафта ба ҳамон дуроҳае, ки бо Водарғ вохӯрда буданд, расиду рост ба ҳамон роҳ рафтан гирифт. Ҳафт шабу ҳафт рӯз дам нагирифта асп давонду дид, ки дар як тараф чандин ҳазор гӯсфандро чӯпонҳо чаронида гаштаанд, аз онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё