Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Хезу поида-поида рафта ба қаср даромада бин, хобаш бурда бошад, чил гулмеҳро ба замин зада чил кокулашро банду якбора ба банди дилаш савор шав. Водарёг «фуро, ҳар кӣ бошӣ, туро мегирам» мегӯяд, аммо ту нафуро, гӯй, ки қасам хӯр, баъд мефароям. Вай ҳар хел қасамро мехӯрад, нафуро, баъд аз он ки «хайр, қасам ба китобчаи бобокалонам, фуро, ман аз тую ту аз ман», ки гуфт, баъд фуро.
Вазирбача ба қасри Водарёг расид, гуфтаҳои оҳангарро кард, баъди хоби Водарёг бурдан, ба қаср даромад. Дид, ки Водарёг дар болои тахт хоб кардааст, ҳамаи гулмеҳҳоро баста, худаш ба болои синаи вай савор шуда, қаламтароши худаш додагиро ба болои синааш сахт зер карда буд, ки Водарёг бедор шуд, дид, ки вазирбача дар болои сандуқи синааш, гуфт:
– Хайр, хез, тақдирам ба ту будааст.
Вазирбача гуфт:
Не, аввал қасам хӯр, баъд мехезам!
Водарёг қасами бисёр хӯрд. Вазирбача гуфт:
– Не, ба ростӣ қасам хӯр!
Охир ки нашуд, Водарёг гуфт:
Китобчаи бобокалонам занад, ки ман ба ту ҳеҷ зарар намерасонам!
Вазирбача хесту кокули Водарёгро кушод. Вай гуфт:
– Хайр тақдири ман ба ту будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё