Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Канизак боз камтарак андохт. Водарёг «дурусттар об андоз!» — гуфта дод зада буд, ки канизак ҳамаи обро чаппа карду гурехт, ангуштарин рост ба сари ангушти Водарёг афтид. Ангуштаринро дида хурсанд шуд. «Шукр, ки зинда будааст» гуфту хеста сурфаю тахта кушода, тушбера пухт. Баъд дар як хурмача бардошту ба болояш дуто нон монда, ба канизак гуфт:
— Ин хӯroкро ба меҳмон бару гӯй, ки моҳ ду-тою ситора тӯда-тӯда.
Канизак тушбераро бардошта мерафт, ки дилаш гурусна монду якто нону нисфи тушбераро хӯрд. Баъд вайро ба пеши вазирбача бурда гуфт:
— Оям гуфтанд, ки моҳ дутою ситора тӯда-тӯда.
Вазирбача чанд вақт боз хӯроки гарм нахӯрда буд, бо якто нон тушбераро покиза хӯрду гуфт:
— Рафта ба оят гӯй, ки моҳ яктою ситора ягон-ягон.
Канизак ҳам рафта ҳамин гапро гуфта буд, ки Водарёг гуфт:
— Ҳа, бадбахт, якто нону нисфи тушбераро хӯрди-дия!
Хайр ҳеҷ гап не, рав хоб кун!
Водарёг ҳамаро хобонду худаш ба тавилай подшоҳӣ рафта аспашро бо тамоми афзораш гирифт, барои вазирбача ҳам якто асп гирифта, ба пеши вазирбача рафт, якдигарашонро дида хурсанд шуданду ба асп савор шуда, аз шаҳр ба-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё